Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав дар миёни Душанбе ва Тошканд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Сочӣ ва баъди он дар Ереван бо Дмитрий Медведев, президенти Русия дидору мулоқот хоҳад дошт. Коршиносон мегӯянд, Русия зоҳиран, омода шудааст ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ҳалли ихтилофашон кӯмак кунад. Муҳимтарин мушкили миёни ду кишвар ҳамчунон баҳси манбаҳои об аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон дар Сочӣ ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи президентҳои чаҳор кишвар сурат хоҳад гирифт.

Дар робита ба мавзӯъҳои ҳамоиши чаҳоргона дар Сочӣ радиои Озодӣ бо Александр Умнов, коршиноси рус ва корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байнулмилалии Фарҳангистони улуми Русия, сӯҳбат анҷом дод. Нахустин суол аз коршинос ин буд, ки ӯ аз нишасти президентҳои чаҳор кишвар дар Сочӣ чӣ интизориҳо дорад?

Александр Умнов: -Ман метавонам аз ин мулоқот ҳамкории бештар ва наздиктари байни ин кишварҳоро интизор бошам. Ин ҷо, албатта, пеш аз ҳама масъалаҳои марбут ба Афғонистон муҳим мебошанд. Амният, бозсозии иқтисодӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир. Мубориза бо маводи мухаддир барои Русия ҳам муҳим аст, барои Тоҷикистон низ ва куллан барои ин минтақа ва тамоми ҷаҳон. Аммо бояд иқрор кунам, ки аз чунин нишастҳо гумон аст, ҳосили амалӣ ва ҷиддие ба даст ояд. Он бештар моҳияити сиёсӣ касб хоҳад кард ва як навъ изҳороти сиёсии кишварҳо хоҳад буд, вале ба сурати умум, ҳамон худи ҳамоиш низ баёнгари хости тарафҳо ба таҳкими равобит бо ҳамдигар хоҳад буд.

Суол: -Мӯҳтарам ҷаноби Умнов, Шумо аз тамаркуз ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ёдрас шудед. Таври маълум, Афғонистон ва Покистон бисёр мехоҳанд, аз Тоҷикистон нерӯи барқ гиранд. Агар Русия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба Тоҷикистон кӯмак мекард ва ҳоло яке аз саҳҳомони ин нерӯгоҳ мебуд, метавонист ба Афғонистон ва Покистон ҳамкории амалие ва ё моли бозорие пешниҳод кунад. Аммо зимни мухолифати Ӯзбакистон ба тарҳи Роғун, Русия мавзеъи худро тағйир дод, ҳоло дар ин нишаст Русия чӣ нақши умдае хоҳад дошт?

Александр Умнов: -Хуб, Русия, зоҳиран, акнун талош хоҳад кард, ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ҳалли ин ихтилоф кӯмак кунад. Аммо аз сӯи дигар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон давлатҳои мустақиланд ва дарин ҷо иродаи худи онҳо ба ҳусни тафоҳум муҳим аст. Вале мусаллам аст, ки Русия ба ҳалли ин ихтилоф манфиатдор аст ва мехоҳад, ду тараф мушкили байни хешро ҳал кунанд, аммо зимни вазъи воқеӣ ва бо назардошти он ки ҳарчанд манобеи асосии оби минтақа дар Тоҷикистон ҷойгиранд, Ӯзбакистон ба сурати умум хеле манфиатдор аст, ки аз об маҳрум нашавад. Биноан, ин як масъалаи дуҷониба аст ва масъалаи фақат Тоҷикистон нест. Инро, ба фикрам, раҳбарияти Тоҷикистон бояд хуб дарк кунад.

Суол: -Аммо чандон ба назар намерасад, ки бархӯрди Русия ба ба масъала бархӯрди як довари бетараф бошад. Ибтидо он ба тарҳи розӣ буд ва ваъдаи сармоягзуорӣ кард, дертар, бо фишори Ӯзбакистон аз ширкат дар тарҳ даст кашид ва зоҳиран, аз муҳосираи нақлиётие, ки Ӯзбакистон зидди Тоҷикистон ба роҳ мондааст, Русия бо сукути худ пуштибонӣ мекунад.

Александр Умнов: -Хуб, мумкин аст, то андозае ҳамин гуна бошад. Аммо сабаб ва ҳолати воқеӣ ин аст, ки Ӯзбакистон ба ҳифзи маҷрои об ҳаётан манфиатдор аст ва боз мегӯям, ин масъала фақат марбути Тоҷикистон нест, балки масъалаи Ӯзбакистон низ ҳаст ва раҳбарияти Тоҷикистон бояд ин воқеиятро дарк кунад. Вале зоҳиран, мумкин аст, дар Тоҷикистон ин ҳақиқатро ба ҳадди зарурӣ дарк намекунанд ва биноан Русия дар ин ҷо талош дорад, нақши худро ба ҷо орад.

Суол:
-Ва саволи охирин, мӯҳтарам ҷаноби Умнов, ҳавасмандии Покистон, ба фикри Шумо, ба ширкат дар ин чаҳоргона чист?

Александр Умнов: -Покистон таъсири калоне ба Афғонистон дорад. То ҷое ки мо медонем, нерӯҳои мухолиф ба давлати Карзай ғолибан дар манотиқи марзии Покистон паноҳгоҳ ёфтаанд. Ин ҳолат барои вазъи дохилии худи Покистон низ боаҳамият аст. Худи Покистон ба тундравии исломӣ мухолиф аст ва низ амнияти Афғонистонро мехоҳад. Аз ин лиҳоз, бешак, ин хеле муҳим аст, ки Покистон дар ҷаласаҳои байнулмилалии марбут ба Афғонистон дар сатҳи минтақа ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG