Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастаи пешниҳодҳои Карзай ба Обама


Ҳамид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, дар чаҳорчӯби сафари чаҳоррӯзааш ба Амрико вориди Вашингтон шуд. Ин нахустин боздиди Карзай аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъд аз изҳороти сахтгиронааш дар бораи кишварҳои Ғарб мебошад.

Вай кишварҳои хориҷиро дар ташкили тақаллуби интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон айбдор намуда, таҳдид карда буд, ки бо Толибон ҳамроҳ хоҳад шуд. Дар навбати худ кишварҳои Ғарб ва ба вижа Амрико ҳукумати Карзайро дар фасоди густарда ва тақаллуби натиҷаҳои интихобот муттаҳам карданд.

Ба ин хотир, Вашингтон сафари раҳбари Афғонистонро ба таъхир гузошта буд. Бо сабаби ин иттиҳомот дар робитаҳои Афғонистону Амрико танишҳои ҷиддӣ ба амал омадааст.

Ҳамид Карзай дар Амрико бо Барак Обама, раисҷумҳури ИМ, Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷа, ва Роберт Гейтс, вазири дифоъ, вомехӯрад. Раҳбари Афғонистонро дар ин сафар қариб тамоми вазирони ҳукуматаш ҳамроҳӣ мекунанд ва интизор меравад, ки онҳо бо ҳамтоёни амрикоиашон мулоқотҳои ҷудогона доир кунанд.

Ҳикматёр дигар душман нест?

Шореҳон ҳадс мезананд, ки мавзӯъи асосии музокироти Карзай ва Обама оштии Кобул бо Гулбиддин Ҳикматёр, пешвои Ҳизби исломии Афғонистон, хоҳад буд. Соли 2003 Амрико Ҳикматёрро террорист эълон намуд. Ҷонибдорони Ҳикматёр ҳатто ба ҷони Карзай сӯиқасд карда буданд.

Шукрия Баракзай, вакили мустақили палатаи поёнии парлумони Афғонистон, пешгӯӣ намуд, ки зимни сафараш Карзай ба Вашингтон фишор хоҳад овард, то воқеъияти Афғонистонро бипазирад. Хонум Баракзай гуфт, ба кишвараш сулҳ бениҳоят зарур аст ва ба хотири истиқрори ин сулҳ кушишҳои сулҳомези Кобул бояд аз ҷониби кишварҳои ғарб ҳимоят шавад.

Карзай мехоҳад Кохи сафед кӯшишҳои сулҳҷӯёнаи Кобулро дастгирӣ кунад. Тибқи пешниҳоди Кобул, ошӯбгароне, ки алоқаашонро бо ал-Қоида мекананд ва омодаанд, Қонуни асосии кишварро эътироф кунанд, метавонанд ба зиндагии осоишта баргарданд. Баъд аз оғози ҷанги Афғонистон Ҳикматёр барои ҳар як амрикои кушташуда ҷоиза ваъда карда буд, аммо воқеъият ин аст, ки дар кобинаи кунунии Карзай шумораи тарафдорони собиқи Ҳикматёр зиёд аст.

Барои расидан ба оштии миллӣ Карзай қасд дорад, то рӯзи 29-уми май Лоя ҷирга, ҳамоиши ашхоси бонуфуз ва обрӯманди кишварро, доир кунад.

“-Мардуми оддиро накушед! – Пора нагиред!”


Дигар нигаронии ҷиддии раисҷумҳури Афғонистон ин талафот миёни аҳолии осоиштаи кишвараш дар натиҷаи зарбаҳои нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи ошӯбгарон мебошад.

Аз ҷониби худ Вашингтон аз фасоди густарда дар ҳукумати Карзай сахт норозӣ аст ва сафири Амрико дар Кобул Карл Эйкенберӣ чандин бор ошкоро Карзайро барои ин мавриди интиқод қарор дода буд. Бо вуҷуди ин, Эйкенберӣ гуфт, ки Обама ба Карзай эътиқоди пурра дорад.

Бино бар манбаъҳо дар Кохи сафед, Обама бори дигар тасдиқ хоҳад кард, ки фарохонии артиши Амрико аз Афғонистон моҳи июли соли 2011 оғоз мешавад ва агар Кобул мехоҳад пуштибонии Вашингтонро ҳифз кунад, Карзай бояд корашро боз ҳам беҳтар карда, бар зидди фасод гомҳои қатъӣ бардорад.
XS
SM
MD
LG