Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳастаии Амрикову Эрон дар мақарри СММ


Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи ИМА, гуфт, баландпарвозиҳои ҳастаии Эрон ҷаҳонро таҳти хатар мегузорад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои ин Эронро ба масъулият бикашад. Хонум Клинтон дар нишасти байналмилалӣ дар мавриди бозбинии Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар Ню-Йорк гуфт, Эрон ӯҳдадориҳои худро иҷро намекунад.

Иттиҳомоти Аҳмадинажод

Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, дар рӯзи аввали конфронси бозбинии Аҳдномаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ дар Ню-Йорк ба халъи силоҳи қудратҳои ҳастаии ҷаҳон ва тағйири сохтори Шӯрои амнияти СММ даъват кард.

Аҳмадинажод ИМА ва ҳампаймононашро ба он муттаҳам кард, ки тарси густариши силоҳи ҳастаиро ба нафъи худ истифода бурда, ба кишварҳои дар ҳоли рушд иҷозат намедиҳанд, то ба фанновариҳои ҳастаии осоишта дастрасӣ пайдо кунанд. Раҳбари Эрон гуфт, Амрико муттаҳами аслӣ ба захира, густариш ва таҳдиди ҷангафзорҳои ҳастаӣ мебошад. Вай ёдовар шуд, ки Амрико нахустин шуда, дар соли 1945 бар муқобили Ҷопон бомбаи атомӣ истифода кард.

Ба эътиқоди Аҳмадинажод, он кишварҳое, ки бо силоҳи атомӣ таҳдид мекунанд, бояд муҷозот шаванд. Аҳмадинажод инчунин Исроилро дар тарс додани кишварҳои Ховари Миёна бо силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кард. Ҳангоме, ки Аҳмадинажод дар СММ суханронӣ мекард, ҳайатҳои Амрико, Британиё ва Фаронса толорро тарк гуфтанд.

Посухи Амрико

Дар Вашингтон сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс ин суханони Аҳмадинажодро иттиҳомоти ваҳшатнок унвон кард ва гуфт, ин нутқ қобили пешгӯӣ буд.

Дар ҳамин ҳол, Амрико нахустин бор аз захираи феълии силоҳҳои атомиаш иттилоъ дод ва гуфт, дар маҷмӯъ 5.113 кулоҳаки ҳастаӣ дорад, ки қисме фаъол, қисме дар анбор ва бахши дигар ҳам ғайрифаъол мебошад. Вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки зарродхонаи ҳастаии Амрико дар замони Ҷанги Сард дар соли 1967 аз 31 ҳазору 225 кулоҳаки ҳастаӣ, онро 84 дарсад коҳиш дод ва то соли 1989 замони суқути Девори Берлин онро 75 дарсад кам кард. Ин иттилоъ, то кунун сирри давлатӣ буд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт, шаффофияти "то ҳадди мумкин" дар барномаҳои атомӣ ба талошҳои эътимодсозӣ дар назорат ба силлоҳои атомӣ мусоидат хоҳад кард. Хонум Клинтон гуфт, Эрон ягона кишвари ҳозир дар толор аст, ки шӯрои мудирони Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ онро дар нақзи тааҳҳудоти байналмилалии амнияти ҳастаӣ гунаҳкор медонад.

Ҳилларӣ Клинтон гуфт, поймолкунандагони Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ "баҳои гароне" хоҳанд пардохт.

Қазияи Эрон

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, иддаъоҳо дар мавриди талоши Эрон барои дастёбӣ ба бомби атомиро рад карда гуфт, “ҳеҷ далели мувассақе дар ин замина” вуҷуд надорад.

Эрон, эҳтимол аст, барои саркашӣ аз қатъи ғанисозии уран мавриди таҳримҳои баъдии Шӯрои амнияти СММ қарор бигирад. Қаблан, дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз Теҳрон даъват кард, то ҳамаи қатъномаҳои Шӯрои амниятро иҷро ва бо Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ ҳамкорӣ кунад. Вай гуфт, Эрон бояд ба пешниҳоди Оҷонсӣ дар бораи таъмини сӯхти атомӣ розӣ шавад. Бан Ки Мун афзуд, Теҳрон бояд исбот кунад, ки тамоми гумону нигарониҳо дар мавриди барномаи ҳастаиаш асос надорад.
XS
SM
MD
LG