Абу Айюб ал-Масрӣ, ки аз ӯ ба ҳайси раҳбари созмони ироқии ал-Қоида ном бурда мешавад, зимни ҳамлаи низомиёни амрикоӣ ва ироқӣ ба манзиле дар шаҳри Тикрит кушта шуд. Абу Умар ал-Бағдодӣ, яке аз пешвоёни гурӯҳи террористии маҳаллӣ низ ҳамон рӯз ҳамроҳи ал-Масрӣ дар як манзил буд.
Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ бо эъломи ин хабар дар бораи кушта шудани террористон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳар ду раҳбари террористони маҳаллӣ дар як чоҳи пинҳоние дар он манзил паноҳ бурда будаанд ва ҷасадҳояшон низ дар ҳамон чоҳ ёфт шудааст.
Нахуствазири кишвар гуфт, бозҷӯёни низомии амрикоӣ барои таъйиди ҳувияти кушташудагон озмоиши ДНК анҷом доданд. Вай гуфт, дар рафти амалиёт компютере бо номаҳо ва имейлҳо ба бин Лодин кашф шудааст.
Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико, дар Вашингтон нишасти матбуотӣ доир кард ва гуфт, марги ин ду шахс ба фаъолияти террористон дар Ироқ таъсири чашмрас хоҳад расонид. Байден гуфт, ин амалиёт собит кард, ки нерӯҳои амниятии Ироқ тақвият меёбад.
Фармондеҳи артиши Амрико дар Ироқ генерал Рэй Одиерно ин рӯйдодро сангинтарин зарба ба ал-Қоидаи Ироқ аз замони оғози ошӯбҳо арзёбӣ кард.