Дар ин ҳамоиш намояндагони 47 кишвари дунё ширкат доранд. Қарор аст, дар ҳошияи ин нишасти бесобиқа раисҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбарони чанде аз кишварҳои ҷаҳон мулоқотҳои як ба як анҷом диҳад. Обама мехоҳад, мақомоти 47 кишвари ҷаҳонро даъват кунад, то зери тарҳе имзо гузоранд, ки бар асоси он дар тӯли чаҳор сол бояд амнияти тамоми захоири осебпазири ҳастаии дунё таъмин шавад. Чанд соат қабл аз оғози расмии ҳамоиш Украина дар як баёнияи муштарак бо ИМА эълон кард, ки то соли 2012 аз тамоми захираҳои урани ғанишудаи ғализии боло даст хоҳад кашид.
Обама пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Украина Виктор Янукович гуфт, амнияти ҳастаӣ аз авлавиятҳои аввалиндараҷаи барномаи васеъи муқобила ба чолишҳои саросарӣ мебошад.
Дар нишаст масъалаҳои мубрам, назири амнияти силоҳи ҳастаӣ, хатари сӯхти атомӣ, ки дар соҳаҳои осоишта истифода мешавад, ҷилавгирӣ аз қочоқи фанновариҳои ҳастаӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегирад. Нигаронии аслӣ ин имкони ба дасти гурӯҳҳои террористӣ расидани маводи ҳастаӣ мебошад, гуфт Ҷон Бренан, мушовири Обама дар умури мубориза бар зидди террористон. Вай афзуд, террористон метавонанд бо истифода аз ин мавод ҳамлаҳои маргбор анҷом диҳанд.
Дар рӯзи аввали ҳамоиш мулоқотҳои дуҷонибаи Обама бо раҳбарони Урдун, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Африқои Ҷанубӣ ва Қазоқистон сурат гирифт. Ӯ аз ҷумла бо Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, сӯҳбат кард, ки ин кишвар ба гуфтаи Барак Обама, бо даст кашидан аз силоҳҳои атомӣ, манфиати зиёде дидааст.