Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон андар миёни ... Эрону Амрико


Мақомоти амрикоӣ ва эронӣ дар сафарҳояшон ба Афғонистон бо ишора ба мушкилоти ин кишвар ангушти иттиҳомро ба сӯи ҳамдигар дароз мекунанд.

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ҳангоми боздидаш аз Афғонистон дар рӯзи 9-уми март Теҳронро дар бозии дугона, яъне дар дуруягӣ айбдор намуд. Ба иддаои Гейтс, Эрон аз як тараф мехоҳад равобиташро бо Кобул беҳбуд бахшад ва аз ҷониби дигар бо кӯмакаш ба Толибон ба кӯшишҳои Амрико ва НАТО дар истиқрори амният дар Афғонистон халал мерасонад.

Дар навбати худ, раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод зимни боздиди дирӯзааш аз Кобул, ИМА-ро дар дурӯягӣ айбдор карда, гуфт, Амрико дар Афғонистон бар зидди шабакаи террористие меҷангад, ки худаш онро таъсис додааст.

Ин баҳс Кобулро дар ҳолати ногувор миёни ду кишвар мегузорад, ки ҳардуяш ҳам худро ҳампаймони Афғонистон мехонанд.

Профессори улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул Насрулло Станекзай бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он ки Теҳрон ба раванди бозсозии Афғонистон фаъолона саҳм мегузорад, ҳамзамон Эрон ба умури дохилии он кишвар дахолат карда, кӯшиш дорад, то нуфузашро бар муқобили Ғарб истифода барад.

Профессори ҳуқуқ аз Донишгоҳи Кобул Вадир Софӣ назари дигар дорад. Вай мутмаин аст, ки Теҳрон танҳо мехоҳад барои манфиатҳои ояндаи худ дар Афғонистон замонат дарёфт кунад. Вакили порлумони Афғонистон Аҳмад Беҳзод мегӯяд, алорағми иттиҳомоти баъзе мақомдорони Афғонистон, ки гуё Теҳрон бо Толибон иртибот дорад, миёни ду кишвари ҳамсоя ихтилофи манфиатҳо вуҷуд надорад.

Эрон суқути Толибонро истиқбол карда буд, аммо аз ҳузури идомадори неруҳои низомии кишварҳои Ғарб дар Афғонистон нигарон аст. Таҳлилгарон мегӯянд, шояд Теҳрон муқобили бозгашти Толибон аст, аммо ҳамзамон мехоҳад пирӯзии Ғарбро дар кишвари ҳамсоя инкор кунад.

Аҳмадинажод дар сафараш ба Кобул гуфт, ки намебинад, ки нерӯҳои хориҷӣ ба Афғонистон сулҳ оварданд. Раҳбари Эрон ҳамзамон ба ёдовар шуд, ки дар вақти мушкилиҳо кишвараш ба Афғонистон кӯмак мекард.

Афғонистон ёрии Эронро дар бахши алоқа, маориф ва соҳаи беҳдошт ҳамаҷониба истиқбол мекунад, аммо ба кушишҳои сармоягузории Эрон ба бахшҳои муайяни матбуоти мазҳабӣ, назири шабакаҳои моҳвораии телевизионӣ барои таблиғи мазҳаби расмии Эрон, бо шубҳа менигарад. Кобул ба ёриҳои Теҳрон ба ақаллияти миллии ҳазораҳо низ бо чашми нобоварӣ назар мекунад.

Кобул, ки мехоҳад миёни ҳампаймононаш ва кишварҳои ҳамсоя мувозинате пайдо кунад, дар вазъи ногувор қарор дорад.

Дар нишасти матбуотии муштарак, ҳангоме Аҳмадинажод ИМА-ро мавриди интиқод қарор дод, раисҷумҳури Афғонистон бо назокати дипломатӣ, гуфт, бо вуҷуди манфиатҳои муштараки кишвараш бо Ғарб, борҳо таъкид кардааст, ки иҷозат нахоҳад дод, то қаламрави Афғонистон ба муқобили ҳамсояҳо истифода шавад.
XS
SM
MD
LG