Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёме ба узвҳо (монологи саввум)


САЛОМАТ БОШ, КАМАР

Салом ба ту, эй миён, эй камар, эй нишонаи мардонагию дорандагӣ! Бардаму боқувват ҳастӣ? Саломатиат чӣ хел? Аллакай доси бобои Деҳқон барин хам задӣ-ку... Аз таъзиму тамаллуқкории соҳибат?.. Э бечора... Замона ҳамин хел, бародар миён, замона...

Ҳеҷ забони туро ёфта натавонистем. Аз тамоми басту банди одамӣ, фақат ту соҳибатро дар лаҳзаҳои ҳассостарин мефурўшӣ. Вай бечора барои ту шуда, ба чӣ корҳое даст намезанад: гўшти бедона мехарад, каллаи чумчуқ мекобад, равғани қоз меёбаду, онро чун чаррандагон бо ким-кадом алафҳо омехта карда, мехӯрад!

Ту бошӣ доим норозӣ ҳастӣ. Гоҳ каҷ шуда, дигар рост намешавӣ. Гоҳ хода хўрдагӣ барин, шох шуда, мемонию, соҳиби бечораатро ба ҳайкали сангин табдил медиҳӣ...

Мани бечораро дам ба воситаи радикулиту дам бо раги қуян ғам дода меистӣ. Боре аз ту, одам барин илтимос кардам, ки: - Ҳой, камарҷон, тамоми умедам ба ту, худатро мустаҳкам нигоҳ дор,- ту ба ман чӣ ҷавоб додӣ?- Бо ин даромади ту, ман фақат камарбандатро нигоҳ дошта метавонам, то ки эзорат наафтад. Ҳамон ҳам мустаҳкам не, то як вақти муайяне...

Мардум ҳар рўз барои ёфтани қути лоямуте худро ба чор тараф мезананд, дар ин роҳ бори хорие, ки онҳо мекашанду, мебардоранд, дар ҳақиқат миёншикан аст. Эшон тамоми ин корҳоро барои ту мекунанд. Ту бошӣ, доим норозӣ... Баробари хам задани линчаи орд, ту ҳам хам задан мегирӣ. Акнун, ба қавли Шодӣ Солеҳ,- «и-таи бад ҳам не-да!»... Бисёр номардӣ накун, мебинӣ-ку, вақт танг.

Ба наздикӣ як фолбин, ё ба забони имрўза гўем экстрасенс, мегўяд, ки: ҳой мардуми миёндард, ба умеди духтурҳои давлатӣ нашавед. Маоши онҳо ҳам фақат барои харидани банди шим мерасад. Аз ин рў, онҳо ҳам мисли шумо ба радикулити доимӣ гирифторанд. Пештар,-мегўяд бобоҳои боямон барои мустаҳкам нигоҳ доштани камарашон, доим ба миёнашон тилло баста мегаштанд. (Лекин нагуфт, ки чанд килоӣ). Ҳоло,- мегўяд,- шумо ба миёнатон доллар бандед, худи ҳамон замон дардаш мемонад. Агар евро бандед, дард боз зудтар нест мешавад. Ба шарте ки ҳам доллару ҳам евро, бояд на камтар аз даҳ ҳазор бошад. (Ана килои... охир вай... маблағи пулро даррав гуфт).

Ман ҳисоб кардам: барои дарёфти чунин маблағ, ману дўстони ҳамкорам, бо назардошти маоши ҳаминмоҳаамон, бояд 35 сол кор кунем. Нахўрдаю напўшида... Шунидӣ, ҳамагӣ 35 сол! Ана баъд савлата бину... Чӣ? Баъди сию панҷ сол мо он маблағро ба сарамон занем? Аҷиб-ку, ту на тоқати гармӣ дорӣ, на хунукӣ! Кани, бе нозу нуз мақсадатро гуй, фаҳмем, ки ту чӣ мехоҳӣ?

Ба ту ҳозир даркор? Ҳамин рўз? Э-ҳе... Ҳамин ту ҳам вақтҳои охир шўх шудаӣ... Ҳой, чуноне ки шоир мегўяд, ҳозир:
Дар хонаи мо зи неку бад, чизе нест,
Ҷуз бангеву пораи намад, чизе нест,
Аз ҳар чӣ пазем, нест ғайр аз савдо,
В-аз ҳар чӣ хурем ҷуз лагад, чизе нест...

Ҳамон набудагиашро ҳам бо ҳар баҳона бурданд... Ту худат ҳам инро медонӣ? Модоме ки донӣ, даматро гирифта гард. Вақту бевақт хам задан нагир. Агар ғайрат дорӣ, сабур бош. Худат мефаҳмӣ-ку: сабр кунӣ, аз ғўра ҳалво мепазӣ... Ба ту ғўраю ҳалво лозим нест? Ман чизи дигар надорам...Ягона ваъдае, ки ба ту дода метавонам, ин боз мустаҳкамтар бастани камарбандам аст. Ҳамон ҳам бо фармоиши роҳбарон...

Тоқат кун, бародар миён. Биё бе ҷангу ҷарроҳӣ... хунрезӣ, дасти ҳамдигар бигирему, душвориҳоро паси сар кунем. Чӣ гуфтӣ? Ташаккур.
XS
SM
MD
LG