Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танз чист?


Танз - тамасхур аст. Тамасхур ба зиндагии рўзмарраю якранги мо, ки ҳамин танз мехоҳад онро андаке рангин гардонад. Чун телевизори ранга. Мехостам бигўям: симои ранга, вале агар фикр кунем, истилоҳи «симои ранга» худ аллакай ибораи танзомез аст... Ҳарчанд ҳамон телевизори ранга ҳам метавонад чизеро намоиш диҳад, ки беранг аст. Аз ҷиҳати маъно.

Агар ба экрани телевизори рангаатон аҳамият диҳед мебинед, ки вай баъзан худ ба худ суп - сурх мешавад. Аксар, ин дар ҳолате рўй медиҳад, ки ягон ёвагўе соати дароз дар чӣ бора гап заданашро худаш ҳам намедонад ва телевизори бечора чӣ кор карданашро надониста, аз шарм сурх мешавад. Баъд дид, ки сурхшавӣ фоида надорад, чеҳраи баромадкунандаро каҷу килеб кардан мегирад. Яъне ҳамон қуттии ба ном телевизор худаш ба танз машғўл мешавад. Вай мехоҳад бо ин амалаш ба он бемаънигӣ маъное илова кунад.

Баъзан, дар чунин ҳолат, ҳастанд одамоне, ки ин шўхиро намефаҳманд ва ба фарқи сари телевизори бечора як ду мушт мефароранд. Хусусан агар он фарқ «шох» (антенна) надошта бошад. Чунки танзро намефаҳманд.

Акнун як лаҳза тасаввур кунед: Агар дар ҳолати муштбардории ин хонашери беруни телевизор, одами дар даруни телевизор нишаста, ногаҳон сарашро дошта,- «Ҳой, чаро ту маро мезанӣ?!» гуён фарёд кашад... медонед бо соҳиби мушт чӣ воқеа рўй медиҳад? Вай аз тарс дилкаф шуда, аз ҳуш меравад. Чунки шўхиро намефаҳмад. Вай ҳатто ба «микрофони озод»-и даруни телевизор бо тарс менигарад. Раваду ин микрофон ягон овози аз хонаи ин хонашери майдонғариб баромадаро гирад?.. Хусусан, занаш ҳар бор ғур-ғур мекунад, ки,- Ҳамин «Микрофони озод»-и дар нохунак гирифтаи бандӣ ҳам ба дилам зад!..

Танз - ришханд аст. Дар ҳолати боло зан ба риши шавҳари бериш яъне тарсўяш механдад. Пас аз чунин ришханд телевизори он хонадон аз нав ба телевизори ранга табдил меёбад, зеро танз қувваи бузургест, ки зиндагии моро ғанӣ ва рангин мегардонад. Танз - ин шунидани садои озодист.
XS
SM
MD
LG