Он тавр, ки бештари шумо огоҳ ҳастед, таи чанд соли охир банда ба таҳқиқ ва субути ду масъалаи ниҳоят муҳиме банд ҳастам, ки агар яке аз он: «Таъсири бебизоатӣ ба саломатии омма» ном дошта бошад, пас дигараш чун: «Бебизоатӣ - воситаи беҳтарини дарозумрӣ» ба қайд гирифта шудаанд ва аз тарафи банда дар шакли чанд мақолаи калон дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва инчунин дар матбуоти даврии худамон ба табъ расидаанд.
Чуноне, ки мебинед, мавзўъ-мавзуи рўзмарра аст. Ман, ҳамчун олими чанд намуди илмро об карда хўрдагӣ, ба шумо бо дили пур гуфта метавонам, ки ҳаллу фасли ин масъалаҳо на танҳо барои имрўзу фардо, балки барои пасфардои мардуми мо ниҳоят, ниҳоят, ниҳоят («Ниҳоят»- дар дараҷаи куб) заруранд.
Дар натиҷаи шабҳои бехобӣ, андешаҳои дуру дароз ва коркарду таҷрибаҳои тўлонӣ дар ҳалли ин проблемаи миёншикан, ман ба баъзе пешравиҳо ноил гаштам ва ниҳоят наздик ба он будам, ки шаҳди ғалабаро ошомам, вале ҳайҳот!- Вуқуоти номатлуб, вале нодиру обнорасидае садди роҳи комёбии банда гашт ва ногузир маро ба сари масъалаи сеюм овард, ки матлааш чунин аст: «Таъсири манфии факторҳои беруна ба харобшавӣ ва барвақт дилкаф шуда мурдани мардуми бизоатнок»...
Мепурсед, ки ман чӣ тавр ба ин расидам?- Ҷавоб медиҳам:- Дўстони азиз, ман корро аз таҷриба бо мушон оғоз кардам. Яъне, якчанд муши сафед (аз зоти он ду муше ки замоне ба боғи ҳайвоноти мо оварда шуда буданд ва баъд эшон бесоҳибиро ҳис карда, он қадар бисёр шуда рафтанд, ки шукр, ҳозир қариб тамоми шаҳри мо зери тасарруфи онҳост) ва ҳамин миқдор муши оддии хокистарранги худамонро дошта дар алоҳидагӣ ҷой дода шуд. Барои ҳар ду намуд, дар зери шиша шаҳрчаҳои алоҳида сохтем ва ба таҷриба пардохтем.
Дар шаҳраки мушҳои сафед шароити мусоид, аз ҷумла хўроки гарми ҳамарўза, либоси тобистонаю пўшоки зимистона, хонаю бўстонсаро ва ғайра фароҳам оварда шуд. Ба мушҳои оддии хокистарранги худӣ бошад, чизе надодем. Ба онҳо танҳо имкон дода шуд, ки аз рўи салоҳдиди худ, (албатта бо риояи тамоми қонуну фармонҳо) зиндагӣ кунанд, ва ризқу рўзии бо меҳнати ҳалол ёфтаи худро (албатта пас аз супоридани андозу иҷорапулӣ) хўрда, рўзашонро гузаронанд.
Ҷанобони мўҳтарами ман, бояд қайд кунам, ки дар оғози таҷриба ҳама кор хуб буд. Мушҳои сафед рўз то рўз фарбеҳу тоза мешуданд. Онҳо бо карруфар қадамзаниро ёд гирифтанд ва ба мушҳои аз худашон камбағалтар назарбаландона, нимнигоҳ мекарданду, беэътиноӣ зоҳир мекарданд. Масалан, ҳангоми вохўрӣ аввал бо чашмони мисли гови мурда калон кушодаашон дуру дароз ба ту менигаристанду, баъд чун занҳои бевамондаи аврупоӣ, ки аллакай аз шавҳаркобӣ хаста шудаанду тайёранд, ки ҳатто ба барзагови ахташудаи ҷуфтӣ ҳамхоба шаванд, бо ноз пушти дасташонро гўё барои бўса дароз мекарданд. Қисса кўтоҳ, худашонро калламуш ҳисоб карданӣ мешуданд.
Мушҳои хокистарранг бошанд, бо ҳамон услуби кўҳнаи бобоӣ умр ба сар мебурданд, яъне ба ҷумбуҷўли корҳои рўзмарраи худ машғўл буданд. Каттагӣ намекарданд ва саломалеку зиёраташон ҳам одам... яъне мушона буд.
Кори илмии ман ҳам бо қадамҳои дар ҳақиқат паҳлавонона ба пеш мерафт ва хурсандии ман ҳадду канор надошт. Вале пас аз чанде вуқуоти номатлуб ба таҷрибаи ман рахна зад ва дар кори илмии банда тағйироти куллӣ ба миён омад.
Гап дар ин ки мушҳои сафед ногаҳон ба харобшавӣ ва пас аз чанде ба фавтидан, яъне мурдан сар карданд. Ташхис ва омўзиши ҷисми мушони фавтида шаҳодат аз он медод, бештари мушон ба сактаи дил ё аз ҷиҳати илмӣ гўем ба бемории инфаркт гирифтор шуда, ҷон ба ҷаббор супоридаанд. Короче, дилкаф шуда мурдаанд.
Мо кўшиш кардем, ки шароити зисти онҳоро боз беҳтар гардонем. Гармобаву сардоба сохтем, дари тамоми мағозаҳоро барои онҳо кушода мондем. Иҷозат додем, ки аз бонкҳо чӣ қадаре, ки хоҳанд пул гирифтан гиранд. Саунаю мошинҳои «крутой», казиною хонаҳои шаҳват, истироҳатгоҳу бўстонсароҳои боҳашамат, саёҳатҳои дуру наздик... Умуман, ҳар он чизе ки барои инсон... яъне мушон лозим бошад, муҳайё намудем... Вале ҳамааш баръабас! Мушҳои сафед бо мунтазам хароб гашта, дилкафу унтухин мешуданд... яъне мемурданд.
Мушҳои оддии хокистарранги худамон бошанд, бо ҳамон низоми пештара, яъне ман ба шумо гўяму шумо зеҳн монед, умр ба сар мебурданд. Саҳар ба кор баромада, бегоҳ ба хонаашон бармегаштанд, бозоршинӣ мекарданд, ба шумо ҳаёт диҳад, хона месохтанду бача таваллуд мекарданд. Вале ягонтоашон хароб ё дилкаф намешуданд... Албатта аз зиндагӣ шикоят доштанд, масалан, баъзан худ ба худ ғур-ғур мекарданд, ки: «Чаро синну соли нафақаро баланд бардоштанду, маблағашро кам карданд?..», вале ба ояндаи нек умед мебастанд.
Ман метавонистам дар ҳамин ҷо худро ба мақсадрасида ва мавзўъро кашфшуда шуморам ва рисолаамро таҳти унвони «Бебизоатӣ воситаи беҳтарини дарозумрӣ» ба чоп супорида, шаҳди ғолибият ошомам, вале ҳайҳот! Маро бемории мушҳои сафед ором намегузошт.
Ниҳоят кор ба ҷое расид, ки ман зери тазйиқи ин муромури мушони сафед аз хобу хур мондам ва сарриштаи калобаамро гум карда, қарор додам бо аҳли оилаам ибрози ақида намоям ва афкори эшонро дар бораи ин бемории номатлуби ба сари ман... яъне ба сари мушон омадаро муайян намоям..
- Оғози ҳар беморӣ ва алалхусус инфаркт, - ин равғани барзиёди бадан аст,- гуфт духтарам, ки дар бахши сеюми донишкадаи хоҷагии қишлоқ таҳсил менамояд ва насиб бошад баъди ду-се сол ҳайвондухтур... яъне байтори хуб шуданаш мумкин.
- Мурғ, ки фарбеҳ шуд, баъзе аз узвҳояш танг мешавад,- воқеаро ба тарзи худ шарҳ дод ҳамсарам. (Воқеан, рисолаи илмии ў дар боби «Дар як рўз ду бор ихтиёрӣ ё агар саркашӣ кунанд се бор маҷбурӣ тухм кунондани мурғҳои аллаи маҳаллӣ» дар арафаи аз чоп баромадан аст).
- Шумо дар чӣ бора ин қадар баҳс мекунед? - аз кўча пайдо шуда, ба мусоҳибаи мо мароқ зоҳир кард писарчаи хўрдиамон.
- Дар бораи бемории ба сари мушҳои сафед омада,- ҷавоб додам ман, ки худро соҳибтаҷриба мешуморидам.
- Ҳа-а,- бепарвоёна мад кашид писарчаи кенҷагии падар, яъне ман,-ин натиаҷаи таҷрибаест ки ман бо онҳо мегузаронам...
- Чӣ тавр?! - мо ҳама як лаҳза гов гаш... Яъне ҳайрон мондем.
- Ман ҳар руз, мунтазам, ду маротиба гурба... гўрба не, гурба - пишак! - яъне ман пишаки ҳамсояямонро оварда ба мушҳои сафед нишон медиҳам...
- Чаро?!
- То ки онҳо бисёр каттагӣ карда аз худ нараванд...
Чуноне, ки дар боло қайд карда шуд, ман ҳоло ба сари рисолаи наве бо номи «Таъсири манфии факторҳои беруна ба харобшавӣ ва барвақт дилкаф шуда мурдани мардуми бизоатнок» нишастаам ва умедворам, ки он кори назаррасе хоҳад шуд. Ташаккур.