Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виҷдон


(Мазмун аз ҳикояи русӣ).

Виҷдон, бегоҳӣ, вақти говгум, бо гардани дарункашидаю сари хам аз кор ба хона бармегашт, ки ногоҳ… 50 дирам ёфт. Дар рўи роҳ. Асъори миллии худамон. Нав. Заб-зарди сурхчатоб. Тилло барин.

Виҷдон хам шуда хост онро бардорад, вале… аз фикраш гузашт: «Худаш чӣ гап, аз ин мебарояд, ки ман пули шахси бегона, пули мардумро ба киса заданиям? Магар баъд аз ин ман худамро одами бовиҷдон ҳисобида метавонам?»

Виҷдон рост шуд: «Лекин, мумкин ин тангаро ягон каси дигар ёбад. Шояд, он одами тангаро ёфтагӣ, нокас махлуқе бошад. Он гоҳ бевиҷдонӣ тантана мекунад».

Виҷдон боз хам шуд: «Агар ман ҳозир ин пули дар замин афтодаи одами бегонаро бардорам, пас ба ҳамон бевиҷдони гуфтагиам, табдил меёбам… Не! Бигузор дар ҳамон ҷояш, дар замин мондан гирад».

Виҷдон бо ғайрат рост шуд, лекин худи ҳамон замон ба хотираш расид: « Раваду ин тангаро ҳеҷ кас наёбад ва он дар байни чангу хок гум шавад, ё зиёда аз он таги пои ҳайвоноту одамон монад? Магар ин барои буҷаи давлати навбунёди соҳибистиқлоли мо кори нағз мешавад? Не, нағз намешавад. Бинобарин манфиати давлат талаб мекунад, ки ман ин тангаро бардошта ба киса андозам».

Виҷдон ҳатто киссаҳояшро тафтиш карда боварӣ ҳосил кард, ки онҳо комилан холиянд ва танҳо пас аз ин боз барои бардоштани танга хам шуд: « Ростӣ, ман манфиати давлат гуфта худамро ором карданиям,- боз аз дил гузаронд у,- эҳтимол соҳиби ин тангаи панҷоҳдирама саҳар барои кофтани пулаш биёяд ва онро наёбад, он гоҳ мани ин пулро ба кисазада кӣ ҳисоб мешавам? Албатта дузд!.. Не! Намегирам!»

Виҷдон боз рост шуд. Бо тамоми баландии қомати якунимметра! Вале боз дар ким- куҷои майнаааш фикри аблаҳонае пайдо шуд: « Хайр чӣ, ман метавонам эълон нависам: яъне, касе ки пул гум карда бошад, ба суроғаи зерин муроҷиат кунад ва ғайра… Соҳибаш пайдо шавад, медиҳам, пайдо нашавад, чӣ илоҷ худам…»

Виҷдон хам шуд. «Агар 50 ё 100 нафар фиребгарон омада шикоят кунанд, ки ин маҳз пули онҳост? Ман сарҳисоби корамро чӣ тавр меёбам?»

Виҷдон саросема рост шуд. «Бало зад! Соат аз яки шаб гузаштаасту ман… Лекин ин ҷо гап дар пул ҳам не, гап дар асос! Фарз кардем, агар шахсе чун ман аз роҳ ягон моли бесоҳиби афтодамондаро ёбад, пас ин моли вай ҳисоб мешавад? Албатта моли вай. Пас чаро ман каттагӣ мекунам? Охир 50 дирам ҳам пул. Асъори миллии худамон, натиҷаи меҳнати касе. Агар ҳозир ман хам шуда онро нагирам, пас ин ҳавобаландӣ ҳисоб мешавад».

Виҷдон саросема хам шуд ва ҳатто дасташро ба сўи танга дароз кард… ва ҳамин лаҳза (оё ин лозим буд?) хурусҳо ҷеғ заданд. «Ҳой, ман чӣ қадар бешармам! Мумкин ин пул аз киссаи касе афтода бошад, ки 10 кўдак дорад. Шояд вай ҳозир тамоми киссаҳояшро чаппаю роста карда онро кофта истода бошад».

Виҷдон қатъиян рост шуда ба сўи хона давид. Ба хона даромад. Ба кўдаконаш саросема «Салом!» гуфту чапасар ба сўи корхона баргашт. Чунки аллакай субҳ дамида буд. Ба кор! Вагарна дер мемонад. Лекин бо сари баланд баргашт… Бо димоғи чоқ! «Ба ҳар ҳол ман шахси матинирода ҳастам. Ҳатто гуфтан мумкин, ки ҳамчун коммунист. Ман акнун ҳатто ба чашми худам рост нигоҳ карда метавонам, зеро имшаб шояд ман ба худам ғолиб омада бошам.

Виҷдон ба он ҷое ки танга афтода буд расида… албатта бо сари баланд гузаштанӣ буд, вале чашмонаш… ғайричашмдошт ба сўи танга нигоҳ карданд ва диданд,ки вай… даҳанаки зарди шишаи арақ будааст!..

- Ҷин занад!- вай сарашро дошта, ҳатто дар ҷояш нишаста монд,- чӣ қадар муборизаи ботиниро аз сар гузарондам!.. Лекин чӣ фоида?.. Э-эҳ, ин чашмон ғалабаамро вайрон карданд…

Виҷдон аз ҷой хеста бо ғазаб лагаде даҳанак заду боз чун пештара гарданашро ба дарун кашида бо сари хам, ғамгинона ба сўи корхона раҳсипор шуд.
XS
SM
MD
LG