Сергей Магнитскийи 37-сола дар тӯли чанд ҳафта шикоят мекард, ки барои ӯ шароити муносиб барои табобат фароҳам намекунанд.
Мақомоти расмии Русия гуфтанд, ки вакили дифоъ ва муҳосиби ширкати ҳуқуқии Duncan and Firestone ба иллати аз кор мондани дилаш рӯзи 17-уми ноябр аз олам даргузашт. То он замон Магнитский дастикам як соли пурраро пушти панҷараҳо дар интизори мурофеъаи додгоҳиаш сипарӣ намуд. Вакили дифоъро дар тақаллуби молӣ айбдор мекарданд. Магнитский ба таври қатъӣ ҳамаи иттиҳомотро рад мекард.
Ҳамкорони вай мегӯянд, кормандони пулис ва додгустарӣ ба вай фишор меоварданд, ки алайҳи Hermitage Capital ва таъсисдиҳандаи ин ширкат Вилям Бравдер шаҳодати бардурӯғ диҳад. Дар мусоҳиба бо бахши русии Озодӣ, Ҷаймисон Фаярстон, яке аз соҳибони ширкати Duncan and Firestone гуфт, фароҳам накардани табобати тиббӣ яке аз бахшҳои ин фишор буд.
Марги Магнитский ин таҳаввулоти ахир дар достони дурударози муборизаи Кремл ва ширкати Hermitage Capital мебошад, ки як замон ин бузургтарин бунёди сармоягузории хусусӣ дар Русия маҳсуб мешуд. Пуштибонони Hermitage Capital, назири оқои Фаярстон, мегӯянд, достони идомадор робитаҳои печида миёни ширкатҳо, хадамоти интизомӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии Русияро тасвир мекунад ва шаҳодати он аст, ки агар касе ба манофеъи муқарараи онҳо таҳдид кунад, ин чи гуна кори хатарнок хоҳад буд.
Дар аввалҳои даҳсолаи ҷорӣ, Hermitage Capital миёни намоёнтарин сармоягузорони Русия буд ва раису муассиси ширкат оқои Бровдер аз ҳомиёни ашадии Владимир Путин буд ва вайро ислоҳотталаб мехонд. Бо афзудани этибораш, Hermitage Capital ҳамчун соҳиби саҳмияҳои зиёд дар чунин ширкатҳои аслии Русия назири Газпром ва Сургутнефтегаз машҳур шуд. Hermitage Capital баъд аз харидани ин саҳмияҳо кӯшиш кард, то кори онҳоро шаффофтар ва орӣ аз фасод кунад. Аммо соли 2005 ба Бровдер бо сабабҳои номаълуми ҳифзи амнияти миллӣ вуруд ба Русияро манъ карданд. Ин сабаб шуд, ки Бровдер дар Ғарб барои дасткашидани сармоягузорони хориҷӣ аз ҳамкорӣ бо Русия маъракаи густардаро оғоз намуд.
Июни соли 2007 пулис ширкатро мавриди бозрасӣ қарор дода, мадракҳои таъсисотӣ, мӯҳру санадҳои расмии онро мусодира кард. Hermitage Capital барои мудофиа дар додгоҳ ширкати ҳуқуқии Duncan Firestone-ро истихдом кард ва корманди он Магнитский бурдани ин парвандаро ба зимма дошт. Ширкати сармоягузорӣ иддао дорад, ки Магнитский ошкор намуд, ки чӣ тавр ҳуҷҷатҳои Hermitage Capital-ро гурӯҳҳои ҷиноӣ, бо мусоидати вазорати дохилӣ, ниҳодҳои андозситонӣ ва низоми додгоҳӣ, мавриди истифода қарор дода, се ширкатеро, ки дар таркиби Hermitage Capital буданд, соҳиб шуданд. Таҳти раёсати нав ин се ширкат Вазорати молияи Русияро ба 230 миллион доллар фиреб доданд.
Магнитский моҳи июн ва октябри соли 2008 бар зидди ду афсари пулис, ки соли 2007 дар дафтари Hermitage Capital бозҷӯӣ анҷом медоданд, шаҳодат дод. Миёни нафароне, ки Магнитский онҳоро айбдор мекард, полковник Артём Кузнетсов низ буд.
Ноябри соли 2008, як моҳ баъд аз ин шаҳодати ахир дар назди додгоҳ, Магнитскийро боздошт намуда, ӯро дар кӯмак ба Бровдер дар сирқати беш аз 3 миллиону 250 ҳазор доллар молиёт дар соли 2002 айбдор намуданд ва раҳбарии гурӯҳи бозрасонро Кузнетсов ба ӯҳда дошт.
Бровдер дар сӯҳбат бо Озодӣ моҳи октябр бо тамасхури талх гуфта буд:
“Вай бузургтарин ҷиноятеро, ки пулиси Маскав содир кардааст, ошкор намуд. Сергей алайҳи чанд тан аз афсарони пулис шаҳодат дод. Дар Русия ошкор намудани ҷинояти афсарони пулис ин ҷинояти бузург аст. Ва дар ниҳоят худи ҳамон афсари пулис, ки дар анҷоми ин ҷиноят даст дошт, омада, вайро боздошт кард.”
Баъд аз сипарӣ намудани чандин моҳ дар зиндон моҳи августи соли ҷорӣ ташхиси тиббӣ муайян карда буд, ки Магнитский маризии меъда дорад.
Ирина Дудукина, сухангӯи Вазорати корҳои дохила ба рӯзномаи “Москов таймс” гуфт, марги Магнитский барояшон ғайриинтизор буд. Вай афзуд, вай дар бораи саломатиаш на ба додситон ва на ба бозрасон шикоят накардааст. Аммо Дмитрий Харитонов, вакили дифоъи Магнитский, гуфт, бори ахир, ки вай дар назди додситон ҳозир шуда буд, яъне, ҳафтаи гузашта, вай ларза дошт ва мариз ба назар мерасид.
Моҳи сентябр Магнитский ба додгустари кулли Русия Юрий Чайка ва мақомоти зиндони Бутирка ду номаи ҷудогона навишта, аз шароити сангини боздоштгоҳ шикоят карда, талаб карда буд, ки ӯро табобат кунанд. Дар номааш ба мақомоти боздоштгоҳ вай навишта буд, ки “ташхисҳо ва боздидҳои тиббии ман анҷом намешаванд ва дархостҳои такрор ба такрори ман барои боздиди пизишк нодида гирифта мешавад”.
Боз шаш вакили дигар, ки бо парвандаи Hermitage Capital машғул буданд ё аз кишвар фирор карданд ё пинҳон шудаанд. Фаярстон ба Озодӣ гуфт, қабл аз боздошт ба Магнитский низ гуфта буд, ки такри ватан кунад, аммо вай ин пешниҳодро рад кард.