Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушунидҳои "мушкил, вале муфид"


Баъд аз ҷанги кӯтоҳмуддати моҳи августи соли 2008 ҳайатҳои Маскаву Тифлис аллакай бори ҳаштум гуфтушунид карданд ва Тифлис дар ин музокирот мавзӯъи гурҷиҳои ба қарибӣ дар Осетияи Ҷанубӣ боздоштшударо матраҳ кард.

Намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар ин музокирот Ҷоан Вербек гуфт, бо вуҷуди ихтилофҳо ҳайатҳои ду кишвар ва аз ҷумла ҳайатҳои ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон – Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон тасмим гирифтаанд, ки 28-уми январи соли 2010 даври нуҳуми музокиротро доир кунанд. Вай гуфтушунидро мушкил, аммо муфид, арзёбӣ намуд.

ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА ба рафти гуфтушунид назорат мекунанд.

Нақши Русия дар ҷанг бо Гурҷистон ва пуштибониаш аз ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби он мояи ихтилоф миёни Амрико ва Русия боқӣ мемонад. Зимни боздидаш аз Русия моҳи гузашта вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин бора чунин гуфта буд: “Мо нигарониҳои худро кушоду равшан баён намудем ва ба нигарониҳои Русия гӯш додем. Бисёр муҳим аст, ки на Гурҷистон ва на Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон ба ягон амали таҳрикдиҳанда даст назананд. Мо инро ба Гурҷистон гуфтем ва ман мутмаинам, ки ҳукумати Русия ба мардуми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон гуфтааст. Аз нав ба роҳ мондани равобит дар Гурҷистон бисёр мушкил аст, аммо ҳадафи нахустин ва аз ҳама муҳим ин роҳ надодан ба сар задани низоъи нав мебошад.”

Ахиран, Гурҷистон нерӯҳои Русияро дар рабудани панҷ шаҳрванди Гурҷистон аз соҳили Баҳри Сиёҳ наздик ба дигар ҷумҳурии ҷудоиталаб -Абхазия айбдор намуд.

Бо гузашти 15 моҳ баъд аз ҷанги кӯтоҳмуддат авзоъ миёни Русия ва Гурҷистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад ва Маскаву Тифлис муназзам якдигарро муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG