Дар эъломияи муштараке, ки президенти Хорватия, Стипе Месич ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имзо карданд, ба зарурати таҳкими равобит байни ду кишвар бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ва густариши талошҳои муштарак дар рафъи пайомадҳои бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон таъкид шудааст.
Дар нишасти хабарии муштараке, ки пас аз гуфтушунидҳо баргузор шуд, Месич гуфт, ҳамон гуна ки бӯҳрони ҷаҳонӣ ба ҳамаи кишварҳои олам таъсир гузоштааст, таҳкими равобити байни онҳо низ ба як фароянди ҷаҳонӣ табдил меёбад ва давлатҳои гуногун дар ин фазои ягона коршарикони муносиби худро пайдо мекунанд.
Зоҳиран, ин суханони Мечис посух ба андешаҳое буд, ки оё чӣ чизе боиси ба ҳам наздик шудани ду кишваре монанди Хорватия ва Тоҷикистон шудааст.
Президент Месич афзуд, ҳарчанд Хорватия дар марҳилаи ниҳоии гуфтушунидҳои узвият дар Иттиҳоди Аврупост, ҳаргиз ҳамкорӣ бо кишварҳои қораи дигарро бидуни таваҷҷӯҳ боқӣ намегузорад.
Вай гуфт: "Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки ҳар кишвар, ҳар минтақа, ҳар тамаддун хосияти вижа, суннатҳо ва махсусиятҳои нотакрори худро дорад. Ҳатман инро бояд дар назар дошт. Ба ин тартиб ҷаҳони оянда бо вуҷуди қавитарин пайвандҳояш бояд ҳамчун ягонагии тафовутҳо андешида ва сохта шавад. Медонам, ки ин як нуқтаназари бисёр умумист, аммо маҳз кишварҳои начандон калон бояд бисёр қавӣ ва суботкорона аз он пуштибонӣ кунанд."
Дар ҳоле ки ба ғайр аз мулоқоти як ба яки президентҳо Месич ва Раҳмон гуфтушуниди умумӣ ва мулоқоти ҳайатҳои ҷудогонаи ду тараф низ баргузор шуд, созишномаҳои мушаххасе барои рушди ҳамкориҳо дар риштаи энержӣ, саноати маъдан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷаҳонгардӣ ва илму фарҳанг ба имзо расид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Хорватия дар ҳоле ки ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекард, ҳамчунин ба барномаҳои ояндаи ду кишвар ишора намуд.
Вай гуфт: "Махсусан мо ба ҳукуматҳо супориш додем, имкони ташкили корхонаҳои муштараки тавлиди трансформаторҳо ва насби мошинҳои хоҷагии қишлоқ омӯхта шавад ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафта газ дар Тоҷикистон."
Ин нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Хорватия буд дар посух ба аввалин сафари расмии раисиҷумҳури Хорватия, Стипе Месич ба Тоҷикистон дар охири моҳи майи соли равон.