Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидор ва гуфтугӯи Барак Обама бо Ҳуснӣ Муборак


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар рӯзи сешанбе дар шаҳри Вошингтон бо сарвари Миср Ҳуснӣ Муборак дидор ва гуфтугӯ анҷом дод.

Дар тӯли шаш соли охир ин нахустин боздиди Муборак аз Амрико мебошад. Сафари раҳбари Миср ба Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки маъмурияти Обама мехоҳад ба раванди мутаваққифшудаи сулҳи Ховари Миёна такони нав бахшад.

Барак Обама баъд аз мулоқот бо президенти Миср гуфт, дар мавқеи Исроил нисбати даъватҳояш ба манъи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои фаластинӣ аломатҳои ташвиқдиҳандаро мушоҳида мекунад.

Вай афзуд, “ҳамаи ин фазоеро омода мекунад, ки дар он ба ҳамаи мо имконпазир мешавад, гомҳои мусбатеро мушоҳида кунем ва моро умедвор мекунад, ки аз тариқи гуфтушунид ҳамаи ин мушкилиҳои дерина ҳалли ниҳоии худро пайдо мекунанд. Аммо ҳамаи ҷонибҳо бояд гомҳои зарурӣ бардоранд, ҳама бояд уҳдадориҳоеро бар душ бигиранд. Ин кори сангинеро тақозо мекунад ва Амрико алоқаманд аст дар ин раванд ширкат кунад. Ва ширкати Миср барои пеш бурдани ин раванд бештар аз дигар ҷонибҳо бисёр муҳим хоҳад буд”.

Сарвари Амрико афзуд, ки ҳамаи ҷонибҳо, аз ҷумла фаластиниҳо ва исроилиҳо, барои аз саргирии музокироти ҷиддӣ бояд гомҳои зарурӣ бардоранд, аз ҷумла фаластиниҳо бояд ба ҳамлаҳо алайҳи Исроил хотима диҳанд.

Раҳбарони Амрико ва Миср дигар мавзӯъҳои мубрамро низ мавриди баҳс қарор доданд. Обама дар ин бора чунин гуфт, “мо мавзӯъҳоеро, ки моро нигарон мекунанд, баррасӣ намудем, назири имкони мусаллаҳшавии минтақа бо силоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла пешрафти барномаи тавлиди силоҳи ҳастаии Эрон ва роҳҳои ҳамкории муштаракамон дар ин ҷабҳаҳо. Мо вазъи Ироқро низ муҳокима намудем ва ман мехоҳам ба ҳукумати Миср ташаккур бигӯям, ки ба ҳайси як кишвари арабӣ кӯшиш мекунад, Ироқро дар замони ҳассоси баромаданаш аз ҳолати ҷанг ва интиқол ба як кишвари пойдори демократӣ тақвият диҳад”.

Ҳуснӣ Муборак дар навбати худ гуфт, ки кишварҳои арабӣ ҳамеша омодаанд, ба Исроил ва фаластиниҳо барои баргаштан ба музокироти сулҳ кумак расонанд. Вай инчунин хабар дод, ки бо Обама дар бораи нигарониҳои Амрико аз сохтори сиёсии Миср низ сӯҳбат карданд. Муборак, ки 28 сол боз зимоми раҳбарии Мисрро дар даст дорад, гуфт, ки ба маъракаи интихоботӣ бо барномаи ислоҳот ворид шудааст ва барои иҷрои он боз ду соли дигар муҳлат дорад.

Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ гардонидани кишвараш ҳимоят намуда, ба Обама гуфт, ки агар ин раванд тезтар сурат бигирад, имкон ҳаст, ки ифротгароён идораи ин кишвари сераҳолитарини арабиро ба дасти худ гиранд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар болои Обама фишор меоварданд, ки ба Муборак нигарониҳои Амрикоро аз вазъи ҳуқуи башар дар Миср матраҳ кунад. Муносибатҳои Ҳусни Муборак бо раҳбари пешини ИМ Ҷорҷ Буш бо саби даъваташ ба шафофияти бештари сиёсии Миср ба сарди гаравида буд.
XS
SM
MD
LG