Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди додситони кул аз ҳукми Додгоҳи олӣ


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулл ҳукми Додгоҳи олӣ дар мавриди 31 нафар ҳамроҳони Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғдро беадолатона номид.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, агар Додгоҳи олӣ ин ҳукми худро бознигарӣ накунад, Додситонии кул омода аст, алайҳи қозии парвандаи мазкур як парвандаи дигар боз кунад.

Додситони кулли Тоҷикистон дар маҷмӯъ раванди додгоҳии нафарони марбут ба Низомхон Ҷӯраевро «ғайриқонунӣ ва беадолатона» унвон кард.

Гурӯҳи 31-нафарии ҳамроҳони Низомхон Ҷӯраев, собиқ узви маҷлиси вакилони вилояти Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфараро як моҳ қабл Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳлатҳои аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард.

Нур Нуров, раиси мурофиаи ин парванда ва додраси Додгоҳи олӣ, зимни эълони ҳукм дар толори додгоҳи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфт, нафарони маҳкумгашта ба содири як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла теъдоде аз онҳо барои ҳамдастӣ дар куштори Толиб Бобоев – собиқи муовини додситони кулли Тоҷикистон дар соли 1999, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва ширкат дар он ва бархе барои қаллобӣ, аз худ кардани амволи ғайр ба миқдори махсусан бузург, сохтакории аснод, пинҳон доштани андоз ва ғайра мутобиқи асноди ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор ҳисобида шуданд.

Боздошти ин гурӯҳ дар тирамоҳи соли 2007, ба думболи ифтитоҳи парванда алайҳи Низом Ҷӯраев сурат гирифта, бозбинии додгоҳии парвандаи онҳо дар миёнаҳои соли гузаштаи 2008 оғоз ёфта буд.

Аксари ин 31 нафар сокини ноҳияи Исфара ва умдатан ҳамкорони собиқи Низом Ҷӯраев мебошанд, ки худаш дар ҳоли ҳозир дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва барои боздошташ мақомоти Тоҷикистон аз Полиси байнулмилалӣ - Интерпол кӯмак хостаанд.
XS
SM
MD
LG