Дар кори ҷаласа намояндагони беш аз 125 давлати узв ва нозир, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои даъватшуда, назири Русия, Фаронса, Канада ва ИМА ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар нишасти Ҳавана сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард.
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ оқои Аслов гуфт, ки дар Ҳавана барои нахустин бор ба Тоҷикистон мақоми нозир дар ин ҷумбиш дода шуд: "Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари нозири Ҷунбиши адами тааҳуд қабул гардид. Тоҷикистон дар фаъолияти Ҷунбиши адами тааҳуд пешравии куллиро мебинад ва бовар дорад, дар ҷабҳаи ҷаҳони ин ҷунбиш барои ҳалли бисёр масъалаҳои глобалӣ ва ҳаллталаби рӯз ҳисса гузошта ва такони дуруст дода метавонад. Пеш аз ҳама, чунин масъалаҳои глобалие, ки имрӯз кулли ҷомеъаи башарӣ ва мамолики дунё ба ҳалли он банд ҳастанд, яъне бӯҳрони молиявӣ, озуқа, энержӣ, масоили мубориза зидди терроризм ва маводи мухаддир, тағйири иқлим, ҳуқуқи башар ва ба сулҳу осоиштагӣ даровардани Афғонистон, Ироқ, Ховари Миёна ва дигар нуқтаҳои ноороми дунё ва ғайраҳо, ки ба ҳалли онҳо натанҳо мамолики тараққикардаи дунё ва созмонҳои байналмиллалӣ мутасаддӣ ҳастанд, балки Ҷумҳурии Тоҷикистони мо низ ҳиссаи худро мегузорад.”
Оқои Аслов афзуд, ки ба ҳайси нозир пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Ҳавана аз ҷониби тамоми кишварҳои узв ва нозир якдилона қабул шудааст. Сафири Тоҷикистон аҳамияти Ҷунбиши адами тааҳудро чунин шарҳ дод: “Одатан лоиҳаи қатъномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки давлатҳои узвини ин ҷунбиш дар якҷоягӣ ба Маҷмаъи умумии СММ пешниҳод месозанд, аз ҷониби Маҷмаъи умумии СММ куллан дастгирӣ меёбад. Аз ин лиҳоз, мо ҳам боварӣ дорем, ки минбаъд ҳар масоилеро, ки мо ба Маҷмаъи умумии СММ пешниҳод месозем, дастгирии иловагии худро аз ҷониби давлатҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд соҳиб хоҳем гардид.”
Нишасти 15-уми раҳбарони ин Ҷунбиш аз 11 то 16 моҳи июни соли ҷорӣ дар Шарм-ул-Шайхи Миср доир мешавад. Ҷунбиши адами тааҳуд ё ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 118 кишвар узви он буда, 17 кишвар, аз ҷумла акнун Тоҷикистон, дар ин ҷунбиш мақоми нозирро доранд.
То ин замон аз кишварҳои собиқ шӯравӣ Туркманистон, Узбакистон ва Белорусия аъзои ҷунбиши кишварҳои ҳамроҳнашуда буда, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Украина ва Арманистон узви нозир ҳастанд.