Ҳоло хатари паҳншавии босуръати ин вирус дар саросари ҷаҳон эҳсос мешавад. Бан Ги-Мун гуфт, ин маризӣ омодагиҳои сесолаи ҷомеаи ҷаҳониро барои муқобила бо маризиҳои ҳамагир мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.
Созмони ҷаҳонии беҳдошти СММ мизони хатари зукоми хукро дар дараҷаи чаҳор муайян намуд, ки ин ҳамагӣ ду нуқта поинтар аз дараҷаи маризии ҳамагири саросарӣ арзёбӣ шудани ин беморӣ мебошад. Мақомдорони беҳдоштӣ дар пойтахти Мексика, ки паҳншавии зукоми хук аз он ҷо сар шудааст, мегӯянд, ин огаҳӣ маънои онро дорад, ки ҳамакнун ин сироят метавонад ҳадди аққал дар ҳудуди як кишвар аз инсон ба инсон гузашта, ҳамаро сироят кунад.
Дар ҳамин ҳол, аз бархе нуқоти ҷаҳон хабарҳои ибтило ба ин беморӣ ба даст мерасад. Вазири беҳдошти Шотландия тасдиқ кард, ки дар ин ҷо ду маризи мубталои зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Ин ду нафар чанд рӯз қабл аз Мексика баргаштаанд. Дар саросари Бритониё боз ҳафт нафар бо нишонаҳои ин вирус ошкор шудаанд. Дар ИМА раисҷумҳур Барак Обама гуфт, паҳншавии босуръати беморӣ боиси нигаронии ҷиддӣ мешавад, вале ҳанӯз фурсати бонги хатар нест.
Комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури сиҳатии аҳолӣ Андроула Вассилио сокинони Аврупоро ҳушдор дод, то аз сафар ба кишварҳо ва минтақаҳои зукоми хук худдорӣ варзанд. То имрӯз гирифторон бо вируси зукоми хук дар чанд кишвар, аз ҷумла, Шотландия, Испания, Канада ва ИМА ба қайд гирифта шудаанд, аммо ин мавридҳо ҳанӯз то дараҷаи ҳалокати гирифторон нарасидааст. Дар саросари ҷаҳон дар чанд давлати дигар мубталоёни эҳтимолии ин вирус мавриди ташхиси табибон қарор дода шудаанд.
Вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон гуфт, ҳукуматаш ба Мексика дар кори ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризӣ ёрии фаннӣ ва молӣ пешниҳод кардааст. Ҳоло аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон роҷеъ ба тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз паҳншавии зукоми хук хабарҳо мерасад. Дар Ховари Миёна тамоми мусофироне, ки аз ИМА ва Мексика меоянд, мавриди ташхиси бодиққати табибон қарор дода мешаванд. Кишварҳои назири Австрия, Бритониё, Булғористон, Ҷумҳурии Чех ва дигарон бо захираи дорувории иловагӣ, таҳияи тарҳҳои изтирории табобати аҳолӣ ва огаҳонидани шаҳрвандон машғуланд. Мақомоти беҳдоштии Қазоқистон гуфтанд, назорати тиббиро дар марзҳо тақвият додаанд. Ахиран, хабаргузориҳои русӣ навиштаанд, як зан дар Маскав бо гумони ибтило ба зукоми хук бистарӣ шудааст.
Рӯзи 27-уми апрел як мақоми беҳдошти Тоҷикистон аз адами таҳдиди зукоми хук ба ин кишвар изҳори назар кард. Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошт гуфт, Тоҷикистон аз хориҷ ва аз ҷумла аз Мексика гӯшти хук ворид намекунад ва мардуми кишвар ҳам, ки аксарияти кулл мусалмонанд, ба далоили мазҳабӣ гӯшти хук намехӯранд. Аъзам Мирзоев афзуд, ба ин далоил, эҳтимоли бурузи ин беморӣ дар Тоҷикистон ғайривоқеист. Сардухтури вогиршиносии Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд, маъмурони фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳанро аз аломатҳои зукоми хук хабардор кардаанд ва дар сурати кашфи ҳарорати баланд дар бадани мусофирон он мусофири маризро аз ҳавопаймову қатор поин хоҳанд кард. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, Тоҷикистон аз Мексикаву Амрико маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти хук, ворид намекунад ва тайи соли ҷорӣ ягон мавриди воридоти ғайриқонунии чунин маҳсулот аз он ду кишвар низ мушоҳида нашудааст.