Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбиниҳои Барак Обама дар мавриди бӯҳрон


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама

Зимни суханрониаш раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, дар хабарҳои иқтисодӣ умедҳои андаке ба назар мерасанд.

Вай афзуд, ки ин хабарҳои умедбахш қисман ба тарҳи наҷоти иқтисодиаш муодили 787 миллиард доллар ва буҷае, ки масрафҳои ҳатто бештарро пешбинӣ мекард, иртибот доранд. Обама афзуд, ки натиҷаҳои ин масрафҳоро дар лағви басташавии баъзе корхонаҳо ва аз байн рафтани ҷойҳои корие, ки аллакай тарҳрезӣ шуда буд, афзоиши истихдоми кормандон дар соҳоти энержии алтернативӣ, аз саргирии ихтисоси вомҳои манзил, хариди мошинҳо ва ҳатто корхонаҳои хурд аз ҷониби бонкҳо мушоҳида мешавад.

Бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки паҳншавии хушхабарҳо маънои онро надорад, ки замонаи сахтӣ ба поён расидааст.

Обама ғолибан аз масарфҳои бузург дар кӯшиши дубора зинда кардани иқтисоди кишвар ва ташкили ҷойҳои кории нав пуштибониӣ мекунад. Ба ақидаи вай, ташкили ҷойҳои кории нав ин манбаи даромад ҳам барои коргарон ва ҳам барои давлат хоҳад гашт. Вай инчунин ҷонибдори идомаи кумаки ҳукумат ба он қишрҳое ҷомеа мебошад, ки аз поинравии иқтисод сахт осеб дидаанд ва ба вижа бекорон.

Дирӯз Обама ба мунақидонаш дар дохил ва дар хориҷи кишвар, ки ӯро дар масрафи бениҳоят бузурги маблағҳои давлатӣ муттаҳам мекарданд, гуфт, “баъзеҳо иддао доранд, ки тарҳи наҷоти иқтисодӣ ин барбод додани бемасуълияти пули давлат аст ва аз ин роҳ мехоҳанд моро барои касри буҷаи пешниҳодшуда айбдор кунанд. Ман мехоҳам ин далели онҳоро рад кунам. Муттахасисони соҳаи иқтисод ҳам аз чап ва ҳам аз рост розианд, ки дар миёни поинравии иқтисоди ҳукумат набояд масрафҳоро коҳиш диҳад”.

Ба ақидаи Обама барои комёб шудани ин тарҳ ду чизи муҳимро бояд усулан тағйир дод, яъне сохторҳои иқтисодии ИМА ва масири сиёсии кишварро. Дар робита ба иқтсод вай гуфт, ки тағйирот бояд пеш аз ҳама дар бахши молии он ба амал ояд, чунки бахши молии иқтисод ба сармоягузориҳои хатарнок вобаста шудааст. Чунин тарҳҳои хатарнок даромади бештар меоранд, агар муваффақ шаванд, аммо дар акси ҳол тамоми сармояҳо барбод меравад. Обама даъват кард, ки бояд ба иқтисоди бимаи тиббии муносиб, таҳсили ислоҳшуда ва энержии таҷдидшудании тоза гузашт.

Дар робита ба тағйиротҳои сиёсӣ Обама матбуотро дар иштиҳои бепоён ба фоҷеаҳои сиёсӣ ва конгресро барои ихтилофҳои байниҳизбии дерина мавриди интиқод қарор дода, ба созиш даъват кард.

Ин дар ҳолест, ки раиси бонки марказии Амрико Бен Бернанке гуфт, ки эҳтимол дорад, дар наздиктарин фурсат бахши бадтарини бӯҳрон пуштисар шавад.
XS
SM
MD
LG