Пайвандҳои дастрасӣ

Сукути аҳзоби сиёсӣ дар баробари бӯҳрон


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ на танҳо иҷрои буҷаи соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро зери суол бурдааст, балки таъсири он ба ҳар як хонаводаи ҷумҳурӣ расидааст.

Ин рӯзҳо чун 16 соли қабл дар бозорҳо растаҳои ҷадид савдо пайдо шудааст, ки мардум аз бенавоӣ колоҳои хонаи худро ба савдо гузоштаанд. Ба гуфтаи коршиносон, имкон дорад, дар моҳҳои оянда теъдоди мардуми камбизоат дар Тоҷикистон мушобеҳи 16 соли қабл ба беш аз 85 дарсад бирасад.

Аммо давлати Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз ин бӯҳрон гоми ҷиддие набардоштааст ва то ба ҳол барномаи зиддибӯҳрониеро тарҳрезӣ накардааст.

Дар ҳоле ки давлат аз ҳоли мардум бехабар аст, ба чӣ далел аҳзоби сиёсӣ, ки аз даҳҳо ҳазор сокинони ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунанд, дар муқобили беназмиҳо дар барқрасонӣ ба мардум, талафоту қочоқи нерӯи барқ, беназмиҳо дар мавриди нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе, коҳиши интиқоли газ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба далели бидеҳкориҳои ширкати «Тоҷиктрансгаз», хомушӣ ихтиёр кардаанд?

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, дар посух ба ин суол гуфт, «дар Тоҷикистон то ба ҳол як низоми давлатдории комил роҳандозӣ ва муқаррар нашудааст. Аҳзоби сиёсӣ низ дар чунин шароит наметавонанд баёнгари ормонҳои ҳазорон нафар ҷонибдорони худ бошанд, зеро давлати ташаккулнаёфта бар асоси ормонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад ниёзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва озодии сиёсии мардуми худро бароварда созад.»

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунист, дар мавриди адами ташаккули давлати воқеӣ бо оқои Маҳмадазимов мувофиқ аст. Аммо дар мавриди он ки гӯиё аҳзоби сиёсӣ дар муқобили масоили мубрами рӯз хомуш аст, розӣ нест. Оқои Шабдолов гуфт, 2ҳизби комунист аз се сол бад-ин сӯ ин мавзуро дар порлумон мавриди баҳс қарор медиҳад. Ҳамчунин мо назари худро аз тариқи бархе аз расонаҳои ғайридавлатӣ ба мардум ироа мекунем, вале афсус, ки давлат аҳзоби сиёсиро ба телевизиёну расонаҳои хабарии давлатӣ роҳ намедиҳад. Дар ҳоле, ки мо метавонем барномаҳои зиддибӯҳронии худро ба мардум ироа кунем.»

Масъуд Собиров
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ изҳори таассуф кард, ки давлат бо аҳзоби сиёсӣ ҳамкориҳои созанда надорад. Вай гуфт, «мо борҳо пешниҳод кардем, ки давлатро зарур аст, ки дар сиёсати кадрии худ таҷдиди назари ҷиддӣ кунад. Бо иваз кардани Шарифхон Самиев, раиси собиқ ширкати «Барқи тоҷик» бо нафаре, ки афкори мансабдори қаблиро дунбол мекунад, тағйироте сурат намегирад. Мо ахиран номзадии як ҷавонро барои узвият дар порлумон пешбарӣ кардем, хостем аз тариқи интихобот дар хуни ҳукумат як нерӯи тоза ворид шавад, вале натоиҷи интихобот, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, бори дигар собит кард, ки ҳукумат дар муқобили аҳзоби сиёсӣ бемасъулиятӣ нишон додааст.»

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи ҷумҳурӣ, низ дар мушкили пешорӯи мардум истода давлатро муқассир хонд ва гуфт, « ман дар робита ба мушкилоте, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба дунбол дорад, соли гузашта дар мақолаи худ дар ҳафтавори «Миллат» таъкид карда будам, вале сад афсус, ки давлат аз афкори омма бехабар аст. Дар иҷлоси солонаи ҳукумат равшан шуд, ки коре аз дасти вазирони иқтисод ва молияи давлат барнамеояд. Бо вуҷуди ин раҳбари давлат дар ин бахш тағйиротеро раво надид.»

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, ки дар охири ҳафта дар як нишасти матбуотӣ назари худро дар мавриди мушкилоти мубрами ҷомеа баён хоҳад кард. Оё ин иқдоми ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва пешниҳодҳои ҳизбҳои комунист ва наҳзати ислом метавонад давлати Тоҷикистонро ба андеша кардан водор кунад?

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, баъид медонад, ки давлати Тоҷикистон тули 17 соли ахир аз тавони шунидани андешаи тозаи аҳзоби сиёсӣ бархурдор шуда бошад. Ба ин далел, ки ба гуфтаи вай, то ба ҳол дар Тоҷикистон як давлати собит ва ҳирфаӣ ташкил нашудааст.
XS
SM
MD
LG