Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман дар СССР зистаам."

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев
Банда ҳам аз онҳое ҳастам, ки дар СССР зистаанд. Аниқтараш давраи тиллоии СССР -- даврае, ки яке аз қудратмандтарин режимҳои ҷаҳон тавониста буд шиками атбоъашро сер кунад. Яъне ман яке аз
«мактаббачагони хушбахти советӣ» будам ва ба шиорҳое чун «Зинда бод мактаббачагони хушбахти советӣ», «зинда бод коммунизм» ва «зинда бод»-ҳои дигаре бо «уррааа» ҷавоб мегуфтам.

Аммо ин «урра»-ҳо чандон мухлисона набуда, тардиде дар пай доштанд. Чун банда дар оилае диндор ва ҳамзамон рӯшанфикр, ҳам аз тарафи модарӣ ва ҳам аз тарафи падарӣ мутаваллид ва бузург шуда будам, ҳамвора байни обу оташ қарор доштам ва муддатҳо наметавонистам якеро баргузинам. Аз як тараф ҳарду бобоям, ки аслан режими коммунистиро қабул надоштанд ва шадидан онро маҳкум мекарданд, ҳатто бобои модариам 2 маротиба зиндонӣ шуда буд, аз тарафи дигар муаллимон, ки ба гӯшҳоям афсонаи коммунизмро мехонданд.

Ҳамагӣ 7 сол доштам, падарам, ки солҳо дар хориҷ кор карда буду сипас ба Афғонистонаш бурда буданд, онҷо кушта шуд ва бобоҳоям ба марги ӯ режими Шӯравиро гунаҳкор медонистанд.

Муаллимон бошанд падарамро қаҳрамон мехонданд ва маро ба ифтихор аз ин ки падарам барои наҷоти бародарони афғон ҷон бохтааст, фаро мехонданд.

Тамоми фанҳо ва тадрис дар он замон бар ин буданд, ки оламро ҳеҷ холиқе нест, мавҷудот дар натиҷаи эволютсия ба вуҷуд омадаанд, инсон маймуни эволютсияшуда аст, дин афюни халқ аст…

Аммо бобоҳоям ба ман таълими Қуръон медоданд, ба намоз водорам менамуданд – ҳатто тобистонҳо соати 4-и субҳ бедорам мекарданд, ки гоҳе боиси норозигӣ ва эътирозам мешуд, аз ҳаёти Паёмбари Ислом (с) ва саҳобагон қиссаҳо мегуфтанд, қаҳрамонашон мехонданд.

Муаллимон онҳоеро қаҳрамон мегуфтанд, ки дар «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ширкат намудаанду ё кушта шудаанд ва ё қаҳрамонона ба Ватан баргаштаанд ва онҳоеро, ки аз иштирок дар ҷанг сарпечӣ кардаанд, дизертир ва хоини Ватан мехонданд. Аммо ҳардуи бобоям «дизертир» буданд…

Ба мактаб иштирокчиёни ҷанг меомаданд ва ба мо аз қаҳрамониҳояшон ҳикоят мекарданд. Муаллимон бошанд аз обрӯву эътибори онҳо байни мардум мегуфтанд. Аммо вақте обрӯву эътибори онҳоро бо обрӯву эътибори бобоҳои дизертирам муқоиса мекардам, дар шигифт мешудам. Махсусан бобои модариам, ки муллои дарсхондае буд. Вақте дар кӯчаҳои деҳа пайдо мешуд, мардон дуқад шуда салом медоданд, занон ба хонаҳояшон ё наздиктарин хона пинҳон мешуданд.

Ӯ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ба Қӯқанди Узбакистон ё ба Хуҷанд барои намози ҷумъа мерафт ва баъзан маро бо худ мегирифт. Вақте аз намоз хориҷ мешудем, мардум барои зиёраташ навбат меистоданд ва ман аз дастфишории онҳо хаста мешудаму ба пушти бобоям пинҳон мешудам.

Китобҳои таърих босмачиҳоро хоини Ватан, роҳзан ва хунхор таъриф мекарданд, бобоҳоям қаҳрамон ва хҳомии Дину Миллату Ватан.

Ман талабаи аълохоне будам ва кам воқеъ мешуд, ки ба дарс тайёр набошам. Аммо вақте китоб бо бобоҳоям мухолифат мекард, даруни ман ҳам ду қувва бо ҳам мухолифат мекарданд. Намедонистам ба кӣ бовар кунам. Маро чун талабаи аълохон дар синфи 7 ба сафи комсомол пешбарӣ намуданд. Ҳамон рӯз шадидтарин мухолифати ду қувваи дохили ман буда сурат гирифт, ки то ҳанӯз асараш боқист. Онҳоеро, ки ба сафи комсомол пешбарӣ шуда буданд, комиссиюни махсусе аз муаллимон якнафарӣ қабул мекард. Навбати ман ҳам, ки кӯчактарини онҳо будам, расид.

Се муаллим нишаста буданд ва маро даъват ба нишастан карданд. Як нафарашон гуфт, ҳоло ба ман афзалиятҳои комсомолро мефаҳмонад, баъдан онҳо ду саволӣ медиханд. Агар посухи дуруст гуфтам, аъзои комсомол хоҳам шуд. Маро ҳисси ифтихор фаро гирифта буд, ки кӯчактарин аъзои комсомол дар мактаб хоҳам буд ва агар инро, ки дар шашсолагиям ба мактаб рафтаам ба эътибор гирем, шояд умуман хурдсолтарин аъзои комсомол шавам.

Аммо муаллим бо аввалин ҷумлааш ҳамаро ба ҳам зад. Ӯ гуфт комсомол ячейкаи Ҳизби коммунист аст ва онҳое, ки ба он аъзо мешаванд, оянда коммунист хоҳанд шуд. Намедонам ӯ чӣ кадари дигар аз афзалиятҳои комсомолу коммунист ҳарф зад, аммо ман танҳо чумлаи аввалашро шунидаму гуфтаи бобоям ба ёдам омад, ки ҳар касе коммунист шуд, кофир мегардад. Тарси ман аз кофир шудан ба ҳадде буд, ки дигар чизеро нашунидам. Ҳатто саволҳояшонро… Маро қабул накарданд! Аммо он рӯз дарёфтам, ки ман ба Худо имон дорам… ва чӣ имоне!

…Ман ба худ қарор дода будам, ки ба Худо имон дорам ва дигар ҳаргиз ба набудани ӯ бовар нахоҳам кард, аммо мошини тарғиботии Шӯравӣ корашро мекард. Муҳорибаи ду қувва дар дохилам давом дошт. Махсусан вақте муаллимон падарамро қаҳрамон мехонданду бобоҳоям қурбонии режим. Ман мехостам падарам қаҳрамон бошад. Бо худ тасаввур мекардам, ки ӯ чӣ гуна автомат дар даст меҷангид ва чӣ қадар босмачиҳои афғон аз зарби тири ӯ ба замин меафтанд.

Аммо ин мухолифат ҳам охир ба поёни худ расид. Вақте дар синфи охири мактаб таҳсил мекардам, бастаи навиштаҳои падарам тасодуфан ба дастам афтод… ва Худоё! Ӯ ба босмачиҳо муҳаббат доштааст! «Бародарони ҳамдину ҳамзабон» - иборае, ки имрӯз дар ВАО ва адабиёт зиёд такрор мешавад, навиштаи падари ман аст. Ва ман бо ин мефахрам!

Абдуманнон Шералиев,
ноҳияи Ашт, деҳаи Саро.
Давраҳои тилоӣ

Ман солҳои 1982 -1986 дар факултаи филологияи тоҷики институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил гирифтаам. Ҳамсабақони ман аз 75 нафар ҷавонони боистеъдод иборат буданд. Мо мисли як оила ба ҳамдигар хеле меҳрубон будем. Кибру ғурур, маҳалгароӣ, аз болои касе хандидан ё ки таҳқир кардан бароямон бегона буд. Бояд иқрор шуд, ки шиорҳои «Бародарию баробарӣ» ҳамон солҳо амал мекард ва ин яке аз муваффакиятҳои замони советӣ буд. Ин солҳо воқеан давраҳои тилоӣ буданд ва хостам чанд лаҳзаашро рӯи коғаз биёрам

Дар замони Шӯравӣ илму маърифат баланд буду мардум ба фардо умед мебастанд. Мағозаҳо пур аз маводи гуногуну арзон буд. Баъзеҳо бо либоси мудшудаву навбаромад, баъзеҳо бо либосҳои миллии тоҷикӣ ба дарс меомаданд. Хеҷ гоҳ муаллимон касеро барои либос сарзаниш накардаанд. Ягон ҳодисаи барои либоси зебо шуда худсӯзӣ кардан ё бадроҳагӣ кардани ҳамсабақеро дар ёд надорам. Мо чунон саргарми таҳсил будем, ки ҳатто дар бораи гӯшвору ангуштаринҳои тилло сӯҳбат ҳам намекардем.

Имони мустаҳкам

Нахустин дарси атеизм буд. Муаллим маънои атеизмро шарҳ медод:

-- Aтеизм асосан калимаи грекӣ буда маънояш…астағфируллоҳ, инкор кардани худо мебошад.

Мо бо кафкӯбӣ механдидему касе фикри ба идораҳои дахлдор хабар доданро надошт. Мардум имону эътиқоди мустаҳкам доштанд. Мо метавонистем, дар бораи чӣ тавр ба замин бархӯрдани тобути Бреҷнев ё дигар мавзӯъҳои сиёсӣ бебокона баҳсу мунозара кунем. Ҳоло пеш аз ба забон овардани як чиз бояд сад бор андеша кунӣ… Як иштибоҳ метавонад тақдири туро иваз кунад …

* * *

Сохтори Шӯрави дар мактабу донишкадаҳо беҳтарин таълимотро ҷорӣ карда буд. Ҳолатҳои ришвагирию маҳалгароӣ хеле кам буд. Устодон сахтгир буданду толибилмонро барои дарс хондану мутахассиси хуб шуданашон водор мекарданд.Касе ки ба дарсҳо намеомаду лаёқати кофӣ надошт аз сафи донишҷӯӣ хориҷ мешуд.

Имтиҳони дарси педагогика буд. Муаллим Наимбоев аз ҷавобҳои яке аз ҳамсабақон қаноат накарда нимшӯхӣ гуфт:

-- Ҳайфи чаҳор сол! Чаҳор солро бехуда гузаронидӣ! Дар чаҳор сол метавонистӣ 10-20 гӯсфанд, 10-20 мурғ кунӣ ё соҳиби 3 -4 фарзанд мешудӣ…

Ин танбеҳи устоз барои мо дарси ҳаёт шуда буд...

Исрофгарӣ

Аз набудани маводи хӯрокворӣ шикоят кардан айб буд. Дар замони советӣ агар донишҷӯ стипендияи худашро сарфакорона харҷ кунад, рӯзаш бе душворӣ мегузашт...

Дар ёд дорам мардум нонро ба партовҳо, болои деворҳову гӯшаи хиёбонҳо мепартофтанд. Ин гуна манзараро бештар дар атрофи хобгоҳҳои донишҷӯён мушоҳида кардан мумкин буд. Боре гувоҳи таасуфхӯрии пиразане шудам,ки нонро тавоф карда мегуфт:

- Садқаи нон шавад, касе ки нонро исрофу хор мекунад! Ҳоло замоне мешавад, ки ба нонреза зор мешавем!

Ленин бародар -- раҳнамо

Тирамоҳи ҳар сол мо донишҷӯён ба муддати як моҳ барои ғунучини пахта сафарбар карда мешудем. Баъди меҳнати сангини пахтачинӣ шабҳо оташ афрӯхта, маҳфилҳои гуногун меоростем...

Мавсими пахтаи соли 1983... Мисли одат ҳар рӯз бо ҳазлу мутоиба ва байтбарак ба чидани пахта шурӯъ карда, чӣ тавр вақти хӯроки нисфирӯзӣ шуданашро пай набурдем. Ҳамсабақамон, Хуршедаи бухорогӣ, ки хеле ҳазлу мутоибаро дӯст медошт гуфт:

-- Муаллимҷон, шукуфаҳои пахта ба назарам мисли макарон менамоянд, чӣ кор кунам?
-- Ҳамон макаронҳоро ба пешдоманат ҷамъ кардан гир!
Мо ҳама аз ҳозирҷавобии устодамон Исмоилов завқ карда механдидем, ки ошпаз бо трактор хӯроки нисфирӯзиро овард.

Ҳама омодаи ғизогирӣ шуда, саф кашидем. Яке аз ҳамкурсон, ки аз аввалинҳо шуда хӯрок гирифта буд нидо кард:

-Бачаҳо, хӯрок бегӯшт аст ва макарон бӯи бад мекунад…

Мо фақат нон гирифтему хӯрокҳоро ба замин рехтем. Гуфтем, гуруснанишинӣ эълон мекунем. Ба исрори муаллимон нигоҳ накарда, рафта ба сари ҷӯякҳо нишастем. Баъзеҳо нони гирифтаашонро ба об тар карда мехӯрданд. Мехостем, бегоҳӣ ба штаби пахта рафта, шикоят кунем. Ман то ҳол дар ёд надорам, ин фикри корпартоӣ ба сари кӣ омада буд. Дар роҳ тасмим гирифтем, агар муаллимон ташкилотчии ин ҳама тазоҳурот кист гуфта бипурсанд, бояд ҳамаамон масъулияташро ба гардан гирем...

Парчами сурх

Аз автобус мефуромадем, яке аз ҳамкурсон аз ман хоҳиш кард, то рӯймоли сарамро ба ӯ диҳам. Рӯймол ранги сурх дошт,зуд аз ҷое чӯбе пайдо карда, руймолро басту байрақ сохт ва аз ҳама пеш гузашт. Мо бошем, аз дунболи ӯ сафкашон, косаҳои алюминиро бо ҳам зада месароидем:

Бар ҳукумати мо офарин
Дар шашяки рӯи замин
Кард мулки моро нозанин
Ленин -- бародар раҳнамо!


Беруни бошишгоҳ моро декани факулта ва масъули штаби пахта интизор буданд. Гуфтанд, ҳама рост бояд ба идораи штаб дароем. Мо ба суруд идома дода, вориди идора шудем. Масъули штаб суол кард:

-- Кӣ ҳамаи ин бетартибиҳоро ташкил кард?
-- …
Муаллим боз суол кард…

Ҳамкурси хуҷандиамон, Каримҷон як қадам ба пеш баромад. Ҳамкурсон ӯро ба қафо кашиданд ва гуфтанд: «О, Карим, ту худ бе ин хам вазъияти хуб надорӣ…»

Аммо у саркашона боз як қадам пеш баромад:
-- Ман ташкил кардам!
Декан хеле асабонӣ буд ва ба сари ӯ дод зад:
-- Э институт садқаи ту шавад, понздаҳ сол боз як институтро хатм карда наметавонӣ, боз гап мезанӣ…

Садои қаҳ-қаҳа идораро ларзонд. Масъули штаб моро ором кард:
-- Ҳоло оши палавро хӯред, фардо субҳ боз оиди ин масъала сӯҳбат мекунем.

Мо, ҳама, Каримро сарзаниш мекардем, ки чаро барои худ дарди сар зиёд кард.

Субх мисли одат ба берун баромада, саф кашидем. Ҳама интизори хондани қарор дар хусуси аз сафи донишҷӯён хориҷ кардани Каримҷон будем. Чанд нафар ҳамкурсон маслиҳат карданд, то Каримҷонро химоя карда, ба сухан бароянд. Аммо декани факулта оромона гуфт:

-- Ман намехоҳам касеро барои кирдори дишабаатон ҷазо диҳам. Аз паи чидани пахта шавед, минбаъд сифати хӯрок хуб мешавад.

Ба ҷои хотима

Дар бораи СССР мардум назарҳои мухталиф доранд.Таърих гувох аст, давлати абаркудрат бурду бохти худашро дошт. Ман аз СССР ба некӣ ёд мекунам, чунки халқ орому осуда буд ва ҳар шаб деги ҳар хонадон меҷӯшид. Дар давлати абарқудрат «скинҳедҳо» набуданд, «гастарбайтер»-ҳо набуданд, ғуломдорону ғуломон набуданд, бемории СПИД набуд. Касе барои манфиати шахсӣ дӯсти худашро намефурӯхт... Бе ягон мамониат субҳ бо автобус аз Самарқанд мебаромадию шаб ба Душанбе мерасидӣ…

Улдон Караева
Шветсия

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG