Мақомоти Тоҷикистон таъриф кардаанд, ки ҳанӯз сол ба поён нарасида, ба ҳадде маблағи ҷарима ҷамъ кардаанд, ки назар ба пешбиниҳояшон бисёр зиёд аст. Ҷарима барои ҳаракати нодуруст дар роҳ, ҷарима барои баргузор кардани зиёфати пурдабдаба ва ё ҷарима барои беназорат мондани фарзанд.
Дар Тоҷикистон, ки фасоду ришвахориро як мушкили сахт дар ҷомеа медонанд, ҳайати шӯроеро васеъ карданд, ки кораш аз байн бурдани ин зуҳуроти хатарнок аст.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Субҳи 19-уми ноябр ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Русия, чанде аз минтақаҳои Украинаро такон дод ва сабаби талафт дар байни ғайринизомиён шуд.
Қарор аст, ба зудӣ романи дигари нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд Шаҳзодаи Самарқандӣ вориди бозор шавад. "Зане, ки бо муҷассамаҳо роҳ мерафт" дар бораи як нависандаи ҷавон аст, ки бонувони тоҷикро ба навиштан тарғиб мекунад.
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ба сокинони минтақаҳои Тоҷикистон шабонарӯз танҳо 3-4 соат барқ соат барқ медиҳанд. Мақомот имсол расман ҷорӣ шудани маҳдудият ё "лимит"-и барқро эълон накарданд. Ба ин хотир сокинон аз Радиои Озодӣ зиёд пурсиданд, ки оё ҷадвали қатъи барқ вуҷуд дорад?
Як зан аз шаҳри Душанбе ба додситонӣ шикоят бурдааст, ки шавҳараш ӯро ба ҳадде задааст, ки кӯдаки батнаш афтодааст. Зӯроварӣ ва ё зулму бадрафторӣ ба зан, ки як одати вайронгар дар ҷомеа мебошад, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон як кори одӣ аст ва бояд аз байн бурда шавад.
Хабарҳои рӯз
Дар овоздиҳии рӯзи душанбеи Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарҳи қатъномаи пешниҳодии Доналд Трамп, президенти Амрико дар бораи хатми ҷанг дар Ғазза пазируфта шуд.
Бо наздиктар омадани зимистон мушкилоти рафтуомади сокинони ноҳияҳои атрофи Душанбе ба хонаҳои худ бештару сахттар шудааст. Шомгоҳон ҳазорон нафар дар чаҳор гӯшаи Душанбе мунтазири мошину таксӣ мемонанд, то ба хонаи худ бирасанд. Як сабаб ҳам набудани автобусҳои мусофиркаш аст.
Ахбори Озодӣ
Баъд аз Русия, Тоҷикистон ҳам барои корбаронаш паёмрасони худро пешниҳод намудааст. Ин паёмрасон, ки аз сӯйи "Тоҷиктелеком" сохта ва бо пешниҳоди Хадамоти алоқа ба истифода дода шудааст, "Ориз" ном дорад. Вале то куҷо бехатар аст?
Ёфтҳои бештар