Аз суқути режими Башор Асад чор рӯз гузашт ва нигарониҳо аз халои қудрату хатари бозгашти гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ торафт бештар ба гӯш мерасад.
Як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро, ки дар ҷанги зидди Украина аз манаҳаш захм бардошта, ба гуфтаи вакили мудофеъ, "вазъи рӯҳиву равонияш хуб нест", барои санҷиши пизишкӣ аз Душанбе ба Екатеринбург бурдаанд.
Як сокини Конибодом барои қатли аъзои ду оила ба ҳабси абад маҳкум шудааст, коршиносон аз эҳтимоли эҳёи "ДОИШ" нигаронанд, сарбози захмии рус аз Тоҷикистон ба ватанаш фиристода шуд ва мавсими бузкашӣ дар Хатлон.
Посбони мактаби Конибодом бо ҷурми куштори ду оила ба ҳабси абад маҳкум шуд
33 сол пеш, моҳи декабри 1991, Иёлоти Муттаҳида истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ду кишвар додугирифти зиёд надоранд, вале Вашингтон дар ин муддат ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар ёрӣ додааст. Амрико ҳамзамон маҳдудияти озодии баёну виҷдон ва саркӯбҳоро дар Тоҷикистон танқид мекунад.
Шаш узви оилаи Неъматовҳоро рӯзи 11-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом (вилояти Суғд) дафн карданд. Бо гузашти се рӯз аз марги мармузи аъзои ин хонавода то ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ё ниҳодҳои дигари тафтишотӣ ҳеч хабар ё шарҳе нашр накардаанд.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Шикваи муҳоҷирон дар Русия: "Моро ҳамватанамон фиреб кард"
Муҳлатеро, ки ба 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи камбудҳо ва пешгирӣ аз ихроҷу муҷозот шуданашон дар Русия додаанд, тақрибан ба поён мерасад. На ҳамаи муҳоҷирон дар бораи тафтиши номи худ ва роҳҳои берун овардани он аз рӯйхати "шахсони зери назорат" огоҳии кофӣ доранд.
Баъди Вожгун шудани ҳукуматдории Башор Асад Сурия бо сaрнавишти норӯшан мувоҷеҳ гашт. Коршиносон мегӯянд, ба ҳеҷ сурат, вазъият бадтар нахоҳад шуд.
Бо гузашти ду рӯз аз марги мармузи аъзои як хонавода дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз хабар ё шарҳе нашр накардааст.
Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамвора Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод мекунанд ва Душанбе онро ғайривоқеӣ медонад. Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, ки ба назарашон ҳуқуқи инсон чӣ аст ва оё ҳуқуқи онҳо риоя мешавад?
Ёфтҳои бештар