Ду ниҳоди Созмони Милал аз набуди пешрафт барои ҷилавгирӣ аз занкушӣ (фемисайд) дар ҷаҳон хабар додаанд. Дар гузориши онҳо омадааст, ки солона даҳҳо ҳазор зан қурбонии занкушӣ мешаванд ва ҳеч нишонае ҳам аз кам шудани ин тамоюл ва беҳбуди авзоъ ба назар намерасад.
Камбуди барқ фаъолияти соҳибкорони тоҷикро душвор кард; фарзандони муҳоҷирон таҳти назорати Вазорати умури дохилии Русия қарор мегиранд; гузориши СММ дар бораи азияти занони саросари олам ва матолиби дигар.
Зубайдулло Раҷабов дар сартарошхонае дар канори Душанбе кор мекунад. То замони маҳдуд шудани интиқоли барқ рӯзона то ба 15 муштарӣ хидмат мерасонд. Ҳоло рӯзона фақат 3 ё 4 муштарӣ мегирад, чун дар шабонарӯз фақат то шаш соат барқ дорад.
Як сокини шаҳри Алмаатои Қазоқистон магнитофонҳои сохти шӯравиро дар осорхонаи хурде ҷамъ овардааст. Андрей Клименко мегӯяд, ин дастгоҳҳо ӯро ба ёди даврони ҷавонӣ мебаранд, ки имкони ошноӣ ва паҳн кардани мусиқии мамнӯи ғарбиро дар гӯшаҳои бастаи шӯравӣ фароҳам меовард.
Вазорати маорифи Русия хабар дод, ки қоидаҳои супурдани иттилоъро дар бораи фарзандони хориҷиён ба Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ кардааст ва ин бешак тарсу бими муҳоҷиронро аз таъқиб афзоиш медиҳад.
Вақтҳои ахир дар кӯчаву хиёбонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифодаи алфози қабеҳ аз сӯи ҷавонон зиёд мушоҳида мешавад. Радиои Озодӣ аз мардум пурсид, ки чаро ҷавонон дар забони гуфтугӯӣ алфози қабеҳро истифода мекунанд ва чӣ гуна мешавад аз он пешгирӣ кард?
Марк Рутте, дабири кулли паймони низомии НАТО, гуфт, тарҳи пешниҳодии Амрико дар бораи хатми ҷанг дар Украина кумак кардааст, ки Вашингтон ва Киев дар ин масъала ба пеш ҳаракат кунанд.
Боздошти мардони муҳоҷир дар рейди мақомоти вилояти Маскав. Ҳукми зиндони зане, ки ба қавли мақомот "наврасро ба худкушӣ расонд". Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо дабири кулли паймони НАТО. Шиноснома барои сагҳо дар Кӯлоб. Даргузашти ситораи синамои ҳиндӣ Дҳармендра.
Дҳармендра Деол, ҳунарманди саршиноси Ҳиндустон, ки камаш дар 300 филм нақши қаҳрамонӣ бозидааст, даргузашт. Аз ҷумла, дар филми "Алибобо ва 40 роҳзан", ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Ҳиндустон, Узбекистон ва Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст.
Мақомот мегӯянд, ба 578 саг дар минтақаи Кӯлоб шиноснома додаанд. Ба иттилои онҳо, дар шиноснома натанҳо маълумот дар бораи зоти саг, балки доруҳои гирифтааш ҳам дарҷ мешавад. Дар айни замон нигарониҳо аз афзоиши сагони дайду дар Кӯлоб ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон бештар шудааст.
Азиза Устобобоева, сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани дӯстдухтари писараш, Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, ба панҷ сол зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз баъзе роҳгузарон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пурсиданд, ки кадоме аз вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистонро мешиносанд. Иддае чанд номро ба забон оварда, бархе тамоман изҳори беиттилоӣ карданд. Сабабашро ҳам гуфтанд. Шумо киҳоро мешиносед ва чаро?
Ёфтҳои бештар