Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз нақши Оқохони 4 пешвои исмолиёни ҷаҳон дар мавриди таҳаммулпазирии мазҳабӣ дар Тоҷикистон гуфт. Оқохони 4 рӯзи 4-уми феврал даргузашт.
Дар Амрико ин ҳафта нахустин бор як ҳавопаймои баландсуръатеро озмоиш карданд, ки аз суръати садо зудтар ҳаракат мекунад. Умедвориҳо ҳам зиёд шуд, ки шояд дар оянда аз ин тарафи дунё ба он тарафи дунё на дар 10-12 соат, балки аз 3 то 4 соат бирасем.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Баъди он ки Донлад Трамп, раисҷумҳури Амрико тасмимашро дар бораи боҷ бастани маҳсулоти воридотии Канада, Мексика ва Чин эълон дошт, қимати саҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафт.
Норӯшаниҳо ва сару садо пиромуни ҳодисаи хунин дар зиндони Ваҳдат зиёд ба назар мерасад. Камбуди маълумоти дақиқу расмӣ сабаби шубҳаву гумонҳое мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд.
Бо гузашти наздик ба як шабонарӯз аз ошӯб дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки дар пайи он шуморе аз маҳбусон куштаву нигаҳбонони зиндон захмӣ гаштаанд, мақомот ба ғайр аз як хабари кӯтоҳ, иттилои дигаре дар бораи ин ҳодиса намедиҳанд.
Хабарҳои рӯз
Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, хостааст, пеш аз қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои ин кишвар изи дасти онҳоро бигиранд.
Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи порлумонии 2-юми март муайян карданд. Ҳарчанд дар байнашон вазири собиқ, раиси пешини Додгоҳи олӣ, дабири Шӯрои амният, устодони донишгоҳ ва намояндагони касбу кори дигар ҳастанд, бахши асосии онҳо барои ҷомеа чандон ошно нестанд.
Дмитрий Медведев пешниҳод кардааст, ки пеш аз қубули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия изи дасти онҳо гирифта шавад; падари марзбони фавтида ба худкушии писараш бовар надорад ва матолиби дигар.
Падари марзбон бовар надорад, ки фармондеҳи посгоҳ масъули худкушии писараш мебошад.
Кишти иҷборӣ ва фоидаовар набудани пахтакориву иҷро нашудани нақшаи истеҳсоли он дар соли 2024, дар нишасти хабарии вазорати кишоварзӣ баҳси доғеро ба бор овард. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, пахта зироати муҳими содиротӣ барои кишвараст ва наметавон аз он даст кашид.
Ёфтҳои бештар