Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаро дар бораи марзи давлатии ду кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 13-уми март дар Бишкек гузашт. Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд.
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и шаҳри Душанберо боздошт кардаанд. Чанд манбаъ хабарро тасдиқ карданд, вале мақомоти расмӣ гуфтанд, чунин маълумоте ба онҳо нарасидааст.
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон оғоз ёфт, боздошти сокинони маҳаллаи "Дарвоз"-и Душанбе, мувофиқати оташбас дар Украина, нархи ҳаҷи имсола барои сокинони Тоҷикистон ва утилизатсияи мошинҳо дар Тоҷикистон.
Имсол Кумитаи умури дини Тоҷикистон нархи ҳаҷро ба 56800 сомонӣ баробар кард
Аз 375 сомонӣ то 16 ҳазору 200 сомонӣ. Якбора ва чандин баробар боло рафтани арзиши санади нобудӣ ё "утилизатсия" дар Тоҷикистон тоҷирони мошинро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ин иқдом ба бозори худравҳо бетаъсир нахоҳад буд.
Ҳайати Украина дар поёни гуфтушунид бо намояндагони Амрико дар Арабистони Саудӣ рӯзи 11-уми март пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи оташбаси 30-рӯза дар набард бо Русия пазируфтааст. Киев бо ин кораш Вашингтонро розӣ кард, то ҳарчи зудтар қарори қатъи ёриҳои низомиро ба Украина бекор кунад.
Ҳамлаи дронҳо ба Маскав ва музокироти Амрикову Украина дар Арабистони Саудӣ ба як рӯз рост омадааст
Дар Арабистони Саудӣ ҳайатҳои ИМА ва Украина мулоқот барпо намудаанд, дар Тоҷикистон чандин журналист Рӯзи матбуотро дар зиндон пешвоз мегиранд, дар Қирғизистон 5 мард барои таҷовуз ба номуси зани ҷавон боздошт шуданд.
Ҳар сол таҷлилу ҷоизадиҳӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳоле баргузор мешавад, ки мақомот чанд рӯзноманигорро асосан бо иттиҳоми ифротгароӣ, терроризм ва хиёнат ба давлат боздошту зиндонӣ мекунанд.
Бисёриҳо дар Қирғизистон талаб доранд, ки мурофиаи шахсони гумонзад ба таҷовузи гурӯҳии як духтар дар шаҳри Бишкек ошкор ва бо ҳузури намояндагони матбуоту ҷомеа баргузор шавад. Ҳодиса шаби 28-уми феврал рӯй додааст.
Дар як оила дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон моҷарои камсобиқае сар зад. Ёдгорбӣ Собироваи 66-сола мехоҳад, пас аз 48 сол зиндагии якҷоя аз шавҳараш ҷудо шавад ва ба додгоҳ ҳам муроҷиат кардааст. Онҳо ҳашт фарзанд доранд.
Навбатҳои беохир барои патент дар Русия ва зарурати аз реестри хилофкорон берун будани муҳоҷирон, ҷангҳои ахири Сурия, баҳси оилавии Ёдгорбӣ Собирова ва тамдиди муддати ҳабси Абдуҳалим Восиев дар Тоҷикистон.
Ёфтҳои бештар