Мусобиқа барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати бошгоҳҳои лигаи олии кишвар 15-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расид.
Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард.
Дар мусобиқаи V байналмилалии Tashkent Marathon, ки рӯзи 12-уми март дар майдони маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и пойтахти Узбекистон зери борони сахт баргузор шуд, варзишгарон аз 32 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, иштирок карданд.
Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идонаи варзишӣ доир мегардад.
Ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон (U-20) байни дастаҳое, ки аз футболбозони то 20-сола таркиб ёфтаанд, маълум шуданд, хабар медиҳад Sports.uz.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба поён расид. Ба финали панҷумин давраи мусобиқот дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и Фархор роҳ ёфтанд.
Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9-ум то 21-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Вале макони баргузории мусобиқот ҳанӯз муайян нашудааст.
Чаҳор дастаи мунтахаб – Узбекистон, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон - ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола роҳ ёфтанд.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев, ки дар шаҳри Бурирами Тайланд дар ҳарсе бозиаш дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоӣ маҳрум шуд.
Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев баъд аз ҳунарнамоии аввалин ва пирӯзияш дар созмони UFC ба Тоҷикистон баргашт. Хабарнигори Радиои Озодӣ ӯро дид ва дар бораи сабқаташ, мушкилиҳо, ҷоиза, ғорат ва нақшаҳои минбаъдааш пурсид.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи панҷшанбеи 9-уми март дар Узбекистон баргузор шуданд, ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни футболбозони то 20-сола муайян гаштанд.
Ёфтҳои бештар