Бозиҳои даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 1, 2 ва 3-юми апрел баргузор мешаванд.
Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола, ки 30-юми март дар Тайланд баргузор шуд, дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад.
Лоиқ Раҷабов дуввумин варзишгар аз Тоҷикистон дар ташкилоти маъруфи UFC ният дорад, моҳи июн дубора ба майдон барояд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Кувайт бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон шаби 28-ум ба 29-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт барпо гардид.
Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Antalya Grand Slam 2023”, ки аз 31-уми март то 2-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, Тоҷикистонро панҷ варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳад кард.
Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 11-ум то 20-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек баргузор мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2023”, ки рӯзҳои 24-26-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор шуд, дар ҳисоби умумии медалҳо бо пирӯзии паҳлавонони гурҷӣ ба поён расид.
Ғуломшо Давлатназаров, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 25-26-уми март дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои размӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Рӯзҳои 24-26-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2023” баргузор мешавад.
Ёфтҳои бештар