Даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо бозӣ миёни дастаҳои “Ал-Дуҳайл”- и Қатар ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ба поён расид.
Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е”-ро бо тими «Персеполис» («Перспулис»)-и Эрон бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод.
Бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис» («Перспулис»)-и Эрон шоми имрӯз, 7-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 оғоз меёбад.
Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пеш аз анҷоми бозиҳои даври охирин ғолиби мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид.
Тими футболи "Персеполис"-и Теҳрон барои анҷом додани бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо дастаи "Истиқлол"-и Душанбе имрӯз, 5-уми ноябр, ба Тоҷикистон омад.
Бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис»-и Эронро ҳайати доварон аз Кувайт ҳакамӣ мекунанд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии собиқадорон ҷудои ҷаҳон, ки рӯзҳои 31 октябр – 3-юми ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 5 медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои гурӯҳи «Б» бо ду бозии даври панҷум, ки 2-юми ноябр баргузор шуд, ба анҷом расид.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 16-19-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тими «Равшан»-и Кӯлобро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 0:0, замони изофа – 1:1) шикаст дод, бори даҳум Ҷоми миллиро соҳиб шуд.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзи 1-уми ноябр доир мегардад, бошгоҳҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе вориди рақобат мешаванд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб соати 14:00 оғоз меёбад.
Ёфтҳои бештар