Турсуной Зиёева, сокини ноҳияи Данғара, се моҳ боз дар хиёбонҳои пойтахти Русия бо акси ҳамсараш дар даст нишони ӯро меҷӯяд. Ин зан дар баъзе аз кӯчаҳои Маскав акси шавҳарашро насб карда, ҳамзамон барои пайдо кардани ӯ ба созмонҳо ва мақомоти Русия муроҷиат кардааст.