Барномаи вижа дар бораи ҳаёти тоҷикон дар хориҷи кишвар, мушкилот ва дастовардҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия, тозаҳо аз ҳаёти фарҳангиву ҳунарии онҳо
Маркази назарсанҷии "Левада" мегӯяд, аз се ду ҳиссаи ҷомеаи Русия ҳузури муҳоҷиронро дар қаламрави ин кишвар намеписанданд.
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, натавонистаанд, ки аз як ширкати сохтмонӣ дар Екатеринбург пули корашонро гиранд. Муҳоҷирон ба ин ширкат як ҳафта мӯҳлат додаанд, то мушкили онҳоро мусбат ҳал кунад.
Дар Русия алайҳи як зиндонии тоҷик, ки ба иддаои мақомоти тафтишот ҳамутоқҳояшро "барои гароиш ба дини Ислом ва пайвастан ба “Давлати исломӣ” ташвиқ кардааст”, парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Ин зиндонӣ Дилшод Ризвонови 38-сола будааст.
Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, напардохтани пули телефон... Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамин қоидавайронкуниҳои ночизи маъмурӣ ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст додаанд.
Ёфтҳои бештар