Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати як шаҳрванди кишвар дар садамаи нақлиётии вилояти Саратови Русияро тасдиқ карданд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон Нӯъмонов Илёр Набиҷонович будааст.