Манъи чанд парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ин муҳоҷирон мегӯянд, хеле барвақт билети ҳавопайморо харида буданд, то худро рӯзи 2-юми апрел ба Русия бирасонанд ва ба кор оғоз кунанд. Аммо ҳамаи нақшаашон нақше бар об шуд.