Маҷаллаи машҳури илмии Nature energy як мақолаи олими ҷавони тоҷик Мақсуд Саидаминовро нашр кардааст. Ин нахустин мақолаи илмии як олими тоҷик аст, ки дар ин маҷаллаи маъруфи илмӣ ба нашр мерасад.
Ҳаждаҳ муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Митишии вилояти Маскав иддао доранд, ки маъмурони пулис онҳоро як шабонарӯз бе обу ғизо ва ҷои хоб нигоҳ дошта, додгоҳ бе ҳузурашон қарори ихроҷ аз Русияро содир кардааст.
Афти ба шиддати лира - пули милли Туркия - ба ҷайби садҳо муҳоҷири тоҷик, ки дар он кишвар машғули кору зиндагӣ ҳастанд, зарба задааст.
Як хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз Владимир Путин, президенти Русия тақозо кардааст, ки дар таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли бародари соҳибкорашон дар шаҳри Магнитогорск ва ҳам се сокини дигари водии, Вахш мусоидат кунад.
Як шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти Русия ба муддати 40 сол аз ҳақи вуруд ба ин кишвар маҳрум карданд.
Марде, ки дар як ҳодисаи ду соли пеш шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидовро шадидан маҷрӯҳ карда буд, аз ҷониби додгоҳи ҳакамӣ ба 10 соли се моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.
Навори сайёҳони хориҷӣ қабл аз ҳамлаи маргбори 29-уми июл. Ин навор 28-уми июл дар Кӯлоб таҳия шудааст. Ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе 4 нафари онҳо кушта ва 3 каси дигарашон захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо даҳшатафканони гурӯҳи ДОИШ ба ӯҳда гирифтаанд.
Роҳбарони шӯъбаи пулиси Вазорати умури дохилии Русия дар ноҳияи "Серпухово" пас аз ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола аз Тоҷикистон, аз мақомҳояшон барканор шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон се кӯдакро, ки модарони муҳоҷирашон дар Русия аз онҳо даст кашидаанд, ба ватан бармегардонад. Ин кӯдакон, ки дар таваллудхонаҳои гуногуни Русия нигаҳдорӣ мешуданд, қарор аст, шоми 27-уми июл ба Тоҷикистон интиқол ёбанд.
Як созмони таҳқиқотӣ иддао кардааст, ки дар Тоҷикистон 39 ҳазор нафар дар ҳолати "ғуломии муосир" ба сар мебаранд ва дар баҳрабардорӣ аз ҳуқуқи худ маҳдуд ҳастанд. Мақомоти тоҷик дар посух мегӯянд, ки ин арзёбиҳо асоси воқеӣ надоранд.
Ҳар моҳе, ки Даврон Самиев, муҳоҷири ҷавони тоҷик дар шаҳри Маскав 4500 ҳазор рубли маошашро ҳамчун андози патент месупорад, ба ҳоли муҳоҷирони қирғиз ҳавас мехӯрад, ки зарурате барои доштани патент надоранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қиғизистон мегӯянд, муҳоҷирони ин кишвар аз ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё чандон фоида надиданд ва ҳамоно мисли дигар муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мавриди тафтишҳои бепоя ва азияти кормандони пулиси Русия қарор доранд.
Ёфтҳои бештар