Нобасомониҳои солҳои навадуми Тоҷикистон на танҳо раванди таърихи кишварро таҳти таъсир қарор дод, балки сарнавишти ҳазорон инсонро низ дигар кард. Хелеҳо аз кишвар берун рафтанд.
Бисёрии онҳо хеле зуд ба шароити нав мутобиқ мешаванд ва аз ҳамсолони худ дар ин кишвар пеш мегузаранд. Гуфтугӯ бо чунин кӯдакон ва волидони онҳо, маъмулан дидгоҳҳо дар бораи муҳоҷиратро комилан дигар мекунад.
Гурӯҳи 47-нафарии муҳоҷирини тоҷик бори аввал мустақим аз Русия бо автобусҳои ширкати "Asian Express" ба Тоҷикистон баргаштанд. Рӯзи 21-уми октябр муҳоҷирони мусофирро дар "Автовокзал"-и Душанбе наздикону дӯстон пешвоз гирифтанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Русия мегӯянд, дар маркази шаҳр ва маҳзари ом дар шаҳри Тула боздошти даҳҳо муҳоҷир ва даст ба кифти ҳам қатор кардаву то идораи пулис роҳсипор кардани муҳоҷирон як навъ шиканҷаи равонӣ ва таҳқири оммавӣ аст.
Аз оғози соли нави таҳсил муҳоҷирони зиёде аз ҳомиёни ҳуқуқи Русия кӯмак хостанд, ки дар осон шудани имкони таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои миёнаи ин кишвар мусоидат кунанд.
Пулиси Маскав дар ду ҳафтаи охир ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик иҷоза надод, ки дар намози ҷумъаи масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав иштирок кунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ба ибодати муҳоҷирон мухолифат надоранд, вале намозгузории онҳо дар берун аз бинои масҷид боиси халадор шудани ҳаракат дар роҳ мешавад.
Додгоҳи вилояти Иркутск як сокини 26-солаи ноҳияи Данғараро барои қатли бераҳмонаи ҳамсар ва писари ширхораш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
Боздошти 9 муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми истеҳсоли машруботи тақаллубӣ
Гурӯҳе аз мардуми хайрхоҳ як ҷавони бемори тоҷикро, ки чаҳор сол боз наздиконаш аз ӯ хабар надоштанд, дар ҷангале дар Русия пайдо карда ва ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Дилшод Тоҳирови 41-сола, як сокини шаҳри Роғун, ки аз панҷ-шаш сол ба ин тараф дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав бо корҳои сохтмонӣ машғул аст, ҳеҷ тасаввур намекард, ки рӯзе дар наҷоти ҷони кӯдаке ширкат хоҳад кард.
Ҳудуди 300 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳангоми тарки Туркия дар фурудгоҳи Отатурки шаҳри Истанбул дармондаанд, ки дар миёни онҳо наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
Дар шаҳри Иркутски Русия мурофиаи додгоҳии як марди тоҷик шурӯъ шуд, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсар ва тифли якунимсолааш айбдор шудааст. Файзиддин Ҳабибуллоеви 26-сола, сокини ноҳияи Данғараи Тоҷикистон ба тани ҳамсари рус ва фарзандаш 80 зарби корд задааст.
Ёфтҳои бештар