Пулиси шаҳри Санкт-Петербург шахсеро боздошт кардааст, ки худро консули кишвари аслан вуҷуднадоштаи "Ҷазираи озоди шоҳигарии ASPI" муаррифӣ карда, ба муҳоҷирони тоҷик шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи ин "кишвар"-ро фурӯхтааст.
Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ бо ирсоли видеое аз шеваи муносибати ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines ва Сибирские Авиалинии танқид кардааст.
Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи тирандозии аъзои гурӯҳи ҷиноии ГТА-ро дар дохили бинои додгоҳи вилоятии Маскав анҷом дод.
Беморӣ паҳлӯи бади муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва ба эҳтимоли зиёд бештари муҳоҷирон бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Соатҳо кори зиёд дар шароити сахт ва сарфаи маблағ барои хӯроку дору, маъмулан дер ё зуд ба саломатии муҳоҷирон таъсир мегузорад.
Ҷасади Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири тоҷикро, ки дар яке аз идораҳои пулиси Русия ҷон дод, субҳи 27-уми ноябр ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯдакӣ оварда ва дар онҷо дафн карданд.
Наздикони Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири тоҷик, ки дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав ҷон дод ба иддаои тафтишот дар бораи бемори қалб будани ӯ бовар надоранд.
Дар соли ҷории таҳсил ҳам дар Қирғизистон, бар асоси анъана донишҷӯёни тоҷик миёни донишҷӯёни хориҷӣ ба шумори теъдод мавқеи намоёнро ишғол карданд.
Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешняки шаҳри Маскав ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд.
Мири шаҳри Маскав гуфт, ки мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст.
Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳақ надоранд, аз соли оянда дар яке аз бузургтарин вилоятҳои саноатӣ ва муҳоҷирпазири Русия – Челябинск – ба таксиронӣ ва мусофиркашӣ машғул шаванд.
Рӯзи кории Рустамҷон Ҳазратуллозода, як зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Омаҳаи Амрико ба сар мебарад, аз нишастан сари компютер ва назорати торнамоҳои музоядаи мошинҳо, оғоз мешавад.
Дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА рӯзи 2 ноябр нахустин чойхонаи тоҷикӣ боз мешавад. Муассиси чойхона – Равшан Султонов, як ҷавони тоҷик аст, ки муқими Амрико шудааст.
Ёфтҳои бештар