Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯяд, корҳои ҷустуҷӯи барои пайдо кардани се кӯдаки тоҷик бо модарашон аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар Магнитогорск идома дорад.
Русия қасд дорад, хориҷиҳо, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик, ки шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро надоранд, аз ҳаққи рондани таксӣ дар саросари ин кишвар маҳрум кунад. Тарҳи қонун дар Думаи давлатӣ дар ҳоли баррасист.
Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ёздаҳ моҳи имсол 2300 хонавода аз Тоҷикистон дар бораи кӯчидан ба Русия ариза додаанд. Вале онҳо аз он нигаронӣ доранд, ки бисёре аз сокинон баъди дарёфти шаҳрвандии Русия ба он кишвар нарафта, балки ба зиндагии худ дар Тоҷикистон идома медиҳанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон гуфт, ки тақдири 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия "номаълум аст".
Мушкили муҳоҷирони корӣ дар Русия чизи нав нест. Аммо як гузориши таҳқиқотии телевизиони “Настоящее время” аз шаҳри Маскав нишон медиҳад, ки натанҳо муҳоҷирон, балки фарзандони онҳо низ дар мактабҳои Русия худро бегона эҳсос мекунанд.
Як назарсанҷии саросарӣ нишон додааст, ки муносибати мардуми Русия ба муҳоҷирон дар 5 соли гузашта андаке беҳтар шудааст, вале айни замон 15 дар сади онҳо намехостаанд, тоҷиконро ба кишварашон роҳ диҳанд.
Додгоҳи ҳарбии минтақаи Урали Русия мурофиаи додгоҳии мавсум ба "бандаи ФСБ" дар Тюменро оғоз кард, ки дар куштори 53 нафар айбдор мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти додгоҳ иттилоъ медиҳад.
Дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Маскав ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ба онҳо дастур додаанд, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро қабул накунанд ва ҷойи хоб надиҳанд.
Соли 2018 барои муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна буд. Ин сол бо қатли Ҳувайдои 5-сола, "футболи" муҳоҷирони тоҷик, боло рафтани қимати патент, дархост барои афви муҳоҷирони рондашуда ва наҷоти зану навраси рус дар ёди садҳо муҳоҷири тоҷик мемонад.
Наҷиба Калонова, модари чаҳор фарзанд, мегӯяд, ду сол пеш иҷозаи муваққатии истиқомат (РВП)-ро ба даст овард, вале ҳоло мақомоти Русия ӯро ба он айбдор мекунанд, ки санадҳояш сохта аст ва бояд кишварро тарк намояд.
Шахсияти як муҳоҷири тоҷик, ки се рӯз пеш дар вилояти Волгогради Русия сарашро бурида ва дар бухорӣ партофта буданд, маълум шуд. Масъулони Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ Саидҷон Холёрови 51-сола аз шаҳри Турсунзода аст.
Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик гуфтанд, ки марзбонҳои Русия онҳоро ҳангоми убури сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ба покиза тарошидани ришашон маҷбур кардаанд. Муҳоҷириони тоҷик ҳар се моҳ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия маҷбуранд, марзи ин кишварро гузаранд.
Ёфтҳои бештар