Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия писарашро меҷӯяд, аммо ба қавли худаш то ҳол ҳеч нишоне наёфтааст. Қудратулло Юсуфов моҳи сентябри соли гузашта ба падараш телефонӣ гуфтааст, ки пулис ӯро дастгир кард ва бо ҳамин бедарак шудааст. Мақомоти пулиси Русия мегӯянд, аз ин қазия хабар надоранд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли нома аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев тақозо намуд, ки омилони латукӯби бераҳмонаи як муҳоҷири тоҷикро ошкор кунанд. Навори латукӯби ин ҷавон ду рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи наворе оғоз кардаанд, ки дар он саҳнаи латту кӯби бераҳмонаи як мард ва захмӣ кардани ӯ бо корд аз сӯи чанд ҷавон дар Русия сабт шудааст. Ҳамлаварон ӯро "тоҷик" хитоб карда, борҳо барои он ки "дар ватани худаш наистоду ба Русия рафт", таҳқир намудаанд.
Як вакили дифои тоҷик изҳори омодагӣ кардааст, ки аз ҳуқуқҳои Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар додгоҳ ҳимоя кунад. Қазияи марги Ҳувайдо Тиллозода феълан дар Додгоҳи вилояти Маскав баррасӣ мешавад ва падари ин тифл низ хоҳони кӯмаки ҳуқуқӣ аст.
Пайвандон ва вакили мудофеи шаҳрванди Русия Александр Сёмин, нафари гумонбар ба қатли Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола аз Тоҷикистон, аз додгоҳ хостаанд, ки падари духтарро ба мурофиа роҳ надиҳад.
Чанде аз муҳоҷирони тоҷик аз Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки даҳ рӯз боз дар бозори Москворетскийи пойтахти Русия зери фишори пулис ҳастанд.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 14-уми август ҳукми дар боздошт мондани Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистонро дуруст хонд ва ҳукми зинаи поёниро бетағйир гузошт. Раҷабов барои иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза дар пойтахти Русия муттаҳам аст. Худи Раҷабов чунин иттиҳомро рад мекунад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳо дар Русия парвандаи ихроҷи муҳоҷиронро танҳо ба номаш баррасӣ мекунанд. Дар асл, ба гуфтаи онҳо, ҳукми ихроҷ бе ҳузури муҳоҷирон содир мегардад. Танҳо соли гузашта ба ҳамин шева 130 ҳазор нафарро аз қаламрави Русия берун кардаанд.
Мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, умедворанд, ки то охири имсол масъалаи авфи муҳоҷирони тоҷик бо Русия ҳал мешавад. Авфе, ки ҳазорон муҳоҷир орзуи онро доранд, чун роҳашонро дигарбора ба Русия боз мекунад.
Кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" гузориши ихроҷи муҳоҷирон аз хоки Русияро нашр кард. Ба иттилои ин созмон, соли 2018 додгоҳҳои Русия 130 ҳазор чунин қарор содир кардаанд.
Даъвои гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки дар хоҷагии деҳқонии як шаҳрванди дигари Тоҷикистон кор мекунанд, то ба додгоҳ ва Хадамоти муҳоҷирати он кишвар расидааст.
Ёфтҳои бештар