Қисман сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, миёни муҳоҷирон, бахусус онҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, сару садои зиёд ба бор оварда, якбора сабаби боло рафтани арзиши билети сафар аз Русия ба Тоҷикистон шудааст. Фармони басичсозиро Владимир Путин 21-уми сентябр имзо кард.