Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд. Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.
Ба нақли наздиконаш, Аҳмадалӣ Нурови 34-сола дар тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина бурда шудааст.
Гурӯҳе аз ронандагони тоҷик дар Аврупо бо як ширкати литвонӣ вориди баҳс шудаанд. Онҳо мегӯянд, ширкати "Avima" дар Литва давоми тақрибан як сол бо ҳар баҳона аз маоши онҳо аз 200 то 300-евроӣ гирифт. Намояндаи ширкат гуфт, аз маоши муҳоҷирони тоҷик барои хароб кардани мошинҳо кам карданд.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Мақомоти маҳаллӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба қазияи эътирози муҳоҷирони тоҷику узбек ба напардохтани маошашон аз сӯи як ширкати русӣ вокуниш кард. Ҳафтаи гузашта садҳо муҳоҷири тоҷику узбек аз он норозигӣ карданд, ки се моҳ боз наметавонанд маоши худро дарёфт кунанд.
Узбекистон аз бархӯрди як ширкати Русия бо муҳоҷиронаш эътироз баён кард. Кормандони он, ки шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистонанд, бо эътироз аз пардохт нашудани муздашон даст ба тазоҳурот заданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин робита хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.
Дар Маскав қабристонеро ёфтанд, ки ба ширкати хусусии “Вагнер” тааллуқ дорад. Дар онҷо маҳбусони кушташуда дар ҷанги Украина, аз ҷумла чанд зодаи Осиёи Марказиро дафн кардаанд. Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми феврал навишт, номи чанд шаҳрванди Узбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро ёфт.
Пас аз ҳамла ба Украина ва эҳтимоли сафарбарӣ ба ҷанг, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд. Телевизиони “Настояшее Время” дар пажӯҳише маълум кард, ки чаро талабот ба шаҳрвандии Русия дар миёни сокинони минтақа зиёд мемонад?
Сафири Бритониё мегӯяд, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳақ доранд, танҳо шаш моҳ ва дар бахши кишоварзӣ дар кишвараш кор бикунанд. Тим Ҷонс шумораи дақиқи онҳоро нагуфт. Тахмин зад, ки эҳтимол "ҳазорҳо нафар" ҳастанд. Мегӯяд, баъзе аз муҳоҷирон аз Русия рафтаанд.
Беш аз ҳазор коргари ширкати "Крокус Групп" дар Маскав, ки дар миёнашон муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон низ ҳастанд, рӯзи 22-юми феврал эътироз карданд.
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик ва узбек, ки барои кор ба вилояти Запарожйе, минтақаи аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина, ҷалб шудаанд, мегӯянд, маоши худро нагирифтанд.
Рӯзноманигорон дар Суғд ба ҳеч суоли худ дар нишасти матбуотии сардори хадамоти муҳоҷирати вилоят натавонистанд, посух гиранд.
Ёфтҳои бештар