Дар муддати камтар аз се соли гузашта мақомоти Русия беш аз 4500 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум кардаанд. Омори навро Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, 11-уми август эълон карда, сабаби онҳоро низ як-як баршумурд.
Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар канори дарёи Панҷ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон додааст. Мақомот ҳеч иттилоъ намедиҳанд. Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми август бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “капитан Ҷаҳонгир Давлатов 26 сол дошт”.
Пайвандони Рамазоналӣ Басиров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамск дар Тотористони Русия кушта шуд, мунтазири интиқоли пайкар ё ҷасади ӯ ба ватан ҳастанд. Ҳамла ба Нижнекамск шаби 9 ба 10-уми август рух дод. Дар ин ҳодиса ҳашт зодаи Узбекистон низ ҷон бохтаанд.
Дар Русия низомеро ба кор андохтанд, ки маҳрум кардани муҳоҷиронро аз патент ё иҷозаномаи кор дар ин кишвар осон мекунад. Расонаҳои давлатии Русия хабар доданд, ки агар муҳоҷири корӣ аз ин ба баъд пешпардохти ҳатмиро барои патент сари вақт насупорад, иҷозаномаи ӯ ба таври худкор беэътибор хоҳад шуд.
Раиси Думаи давлатии Русия таъриф кардааст, ки дар ним соли гузашта аз ин кишвар ҳудуди 44 ҳазор муҳоҷирро берун кардаанд.
Бо наздик шудани соли нави таҳсил муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия дар баробари интихоби сахте мондаанд. Ё бояд фарзандони худро ба Русия баранд, ки қоидаҳои имтиҳони забони русиро сахттар кардааст ё онҳоро дар ватан дар назди хешовандон бигузоранд.
Вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон Солеҳа Холмуҳаммадзода шаҳрванди Русия шудани 850 ҳазор тоҷикистониро дар даҳ соли охир мояи нигаронӣ намедонад.
Муҳаммадзариф бинокор аст ва дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, дар сохтмоне якҷоя бо коргарони литвонӣ ва русу беларусу узбек кор мекунад. Ҳашт сол пеш аз Тоҷикистон омадааст.
Ёфтҳои бештар