Сабоҳат Қосимова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Ӯ шоми 24-уми май дар 72-солагӣ даргузашт. Чанд соли охир аз саратон ранҷ мекашид.
Сабоҳат Қосимова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳамсари коргардони шинохта Фаррухи Қосим, рӯзи 24-уми май ва дар 72-солагӣ даргузашт.
Пизишкону омӯзгорон ва бархе имомхатибон дар шаҳри Ваҳдат мегӯянд, онҳоро барои харидории чиптаи консерти Юлдуз Усмонова, сарояндаи шинохтаи Узбекистон, маҷбур кардаанд.
Дар шаҳри Ню-Йорк филми “Ҳофизи ҷаноби олӣ” муаррифӣ шуд, ки аз саргузашти Левӣ Бобохонов, шашмақомсарои яҳудиасли Бухоро, қисса мекунад.
Дар Душанбе намоишгоҳи наққошиҳои Далер Меҳтоҷев, рассоми шинохтаи тоҷик, боз шуд. Ин намоишгоҳ, зери унвони “Дастурхони сурх” дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон то охири моҳи май идома мекунад.
“Сари як пиёла чой”, “Зан”, “Чаро” – ин танҳо чанд номгӯи наққошиҳои Илёс Мамадҷонов аст, ки дар як намоишгоҳ дар Душанбе ба маъраз гузошта мешавад.
Рассоми 46-сола ба баргузории намоишгоҳи ҳунариаш дар Душанбе омодагӣ мебинад. Ин ва дигар наққошиҳо дар давоми як моҳ ба маърази тамошобин гузошта мешаванд
Пайвандони олим, нависанда ва рӯшанфикри бузурги тоҷик, Аҳмади Дониш дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон хоҳони боз кардани осорхона ва ё маркази илмие ҳастанд, то хотираи ӯ дар ин ҷо поянда бошад.
Сокинони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар Узбекистон мегӯянд, дар тақрибан шаш соли охир дари баъзе аз мактабҳои тоҷикӣ дигарбора ба рӯйи хонандагон боз шуд, аммо камбуди китоб ҳалли худро наёфт.
Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик, ки солҳои ахир дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ахиран барои баргузории консерти асарҳояш дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ ба Душанбе омад.
Рӯзи 29-ми апрел дар Театри операву балети ба номи С. Айнии Душанбе баъди чандин сол консерти осори ҳунарии Толиб Шаҳидӣ баргузор мешавад. Оҳангсози маъруф ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод
Ёфтҳои бештар