Имомалишоҳ - писари овозхони равоншод Муборакшоҳ Мирзошоев низ роҳи падарро интихоб карда, ахиран як таронаи ӯро дар маҳфиле иҷро кард.
Нигора Холова рӯзи 12 феврал бо тифли навзодаш Амира аз таваллудхона мураххас шуд ва гуфт, ки пас аз чанд муддати нигоҳубини кӯдакаш дубора бо таронаҳои ҷадид ба саҳна бармегардад.
Як таронаи овозхони тоҷик Нозияи Кароматуллоҳро дар иҷрои хонандае аз Шри-Ланка дар шабакаи Ютуб қариб 1 миллион нафар тамошо кардаанд.
Ноҳид Зайналпур - ғижжакнавози маъруфи тоҷик дар консерти хайриявии "Мусиқӣ алайҳи террор", ки рӯзи 23 феврал дар Кохи Кремл баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунад.
Дар музейи миллии Ҷумҳурии Чех дар шаҳри Прага, намоишгоҳи осори давраи қабл аз исломии Афғонистон ифтитоҳ ёфт.
Филми коргардони фаронсавӣ Арно Деплешен - "Хотираҳои тилоии ман", ки баъзе аз қисматҳояш дар Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст, ба баландтарин ҷоизаи синамои Фаронса пешбарӣ шуд.
Бархе аз овозхонҳои тоҷик мегӯянд, ки бӯҳрони молии як соли гузашта ба ҷайби онҳо низ зарбаи сахт зад ва онҳо маҷбур шудаанд, ки ҳатто иҷозаномаи корашонро дар Кумитаи андоз бекор кунанд.
Маҳали дафни Абӯрайҳон Берунӣ, донишманди бузург дар шаҳри Ғазнии Афғонистон дар ҳоли харобӣ қарор дорад.
Рэпсароӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои дуҳазорум ва он ҳам бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иҷтимоии мардум, аз қабили муҳоҷират ва бебарқӣ ба майдон омадааст.
Хазинаи тахайюлии духтари шоҳ ва аждаҳои хуфтаи рӯи он дар вайронаҳои қалъаи Ҳулбук, Абдулло Хоҷаев, сокини ноҳияи Восеъро дар кӯдакӣ кунҷков карда буд.
Дар пайи баҳсҳо дар атрофи тасмими аз байн бурдани чанд бинои таърихӣ дар Душанбе, Академияи улуми Тоҷикистон феҳристи нави биноҳои таърихиву меъмории пойтахтро ба ҳукумат пешниҳод кардааст.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, бо ҳамкори афғонаш Ғазал Иноят се дуэти дигар сабт карда, қарор аст, дар баҳори соли ҷорӣ ба бозор барорад.
Ёфтҳои бештар