Дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар шаҳри Челябински Русия нишасте бахшида ба 105-умин зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор шуд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ бо номи "Нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон" вокуниш нишон дод.
Ҳунарпешаҳои театри русии ба номи Маяковскийи Душанбе дар як номаи саркушода ба президент Эмомалӣ Раҳмон хостори дахолати ӯ ба сарнавишти ин театр шудаанд.
Коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров орзуи дар Тоҷикистон бардоштани боз ду филми ҳунариро дар сар дошт, вале умр вафояш накард.
Гурӯҳи роксарои "Рекорд Оркестр", ки соли гузашта дар "Саҳнаи асосӣ"-и телевизиони Русия таронаи "О, Душанбе!"-ро иҷро карда буд, ин сурудро ба албоми нави таронаҳояш ворид кардааст.
Абдураҳим Қудусов, коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи синамои тоҷик дар синни 83 дар зодгоҳаш – шаҳри Исфара аз олам даргузашт.
Гурӯҳи "The exchange"-и амрикоӣ, ки бидуни истифода аз асбобҳои мусиқӣ тарона иҷро мекунад, барои 400 тарбиятгирандаи мактаб-интернати атфоли маълул дар Ҳисор барномаи консертӣ иҷро кард.
Дар шабакаи китобфурӯшии "Амазон" китоби нависандаи бритониёӣ Анника Милисик-Стейнлӣ дар бораи сарнавишти занҳои тоҷик ба фурӯш баромад.
Маҳсули дасти оҳангарони Истаравшан натанҳо дар дохил, балки берун аз он низ шӯҳрат дорад. Баъзе аз шамшеру кордҳои сохтаи устоҳои истаравшанӣ ба раҳбарони баъзе аз ҷумҳуриҳо ҳадя шудааст.
Рӯзи 9 апрел дар пойтахти Қирғизистон расми муаррифии филми мустанаде доир шуд, ки аз зиндагии қирғизҳои Ҷиргатоли Тоҷикистон қисса мекунад.
Дар ду шаҳри Ҳоланд – Ротердам ва Алмере маҳфилҳои фарҳангии тоҷикон баргузор шуданд.
Дар Тоҷикистон ба таҳияи нахустин силсилафилми тасвирӣ дар формати 3D шурӯъ кардаанд.
Ёфтҳои бештар