Барномаи якуним соатаи консертии “Шоми Дӯстӣ”, ки назди президентҳои Тоҷикистону Узбакистон иҷро шуд, маҳсули кори 3 моҳаи 400 ҳунармандони тоҷик ва 100 санъаткори узбек будааст.
Шридевӣ Капур, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои Ҳинд, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф буд, дар оби ҳаммоми меҳмонхона ғарқ шуда ҷон додааст.
Шридевӣ Капур, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои Ҳинд, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф буд, дар синни 54-солагӣ даргузашт.
Солҳои ахир тамошои сериалҳои хориҷӣ миёни мардуми Тоҷикистон роиҷ шудааст ва аз маҳбубияти зиёде ҳам бархӯрдор мебошанд.
Тобистони имсол дар Бадахшони Тоҷикистон наворбардории филме бо номи «Чарогоҳи Худоён» шурӯъ мешавад, ки қарор аст, дар он ҳунарпешагони тоҷику рус ва фаронсавӣ нақшҳои асосиро иҷро кунанд.
Профессор Фирдавс Шукуров ва пайравонаш як забони нодири дунё – эсперанторо меомӯзанд. Онҳо бо ин забон на танҳо кишварро дар ҷамъомадҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд, балки китобхонаи эсперанторо бо асарҳои тоҷикӣ ғанӣ кардаанд.
Дар шаҳри Женеваи Швейтсария рӯзи 8-уми феврал намоишгоҳи наққошиҳои рассомони тоҷик бо номи “Рангҳои Тоҷикистон” ифтитоҳ шуд, ки дар он наздики 50 кори қаламкашҳои тоҷик ба тамошо гузошта шудааст.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як достоннависи тоҷикро барои тарғиби "ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ" аз узвияти ин ҷамъият, ки аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешавад, хориҷ кард.
Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд.
Овезаҳое дар назди театрҳои Душанбе пур аз эълони намоиш барои ду моҳи оянда аст. Намоишҳои солинавӣ барои тамошобинони хурдсол анҷом ёфт ва намоишҳои ҷиддитар барои калонсолон - дар навбат. Аммо онҳо барои кӣ ҳастанд? Кай ин толорҳо дубора аз тамошобин пур мешавад?
Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, миёни мухлисонаш як озмун ё тавре худаш гуфт, «флешмоб» эълон кард.
Дар ҳоле, ки давлатмардони Узбакистону Тоҷикистон аз минбарҳои баланд ба дурнамои хуби равобити сиёсии ду кишвар изҳори умедворӣ мекунанд, намояндагони фарҳанг талош доранд аз роҳи ҳунару истеъдод ба дили мардуми кишвари ҳамсоя роҳ ёбанд.
Ёфтҳои бештар