Абдулло Неъматӣ даҳ сол боз рассом аст, барои онки рӯзгорашро таъмин кунад, бо фармоиш девори хонаҳоро меорояд. Чунки мусаввараҳояш даромад надоранд.
Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ин ба баъд ҳеҷ кас дар кишвар ҳақ надорад, бе иҷозаи “Тоҷикфилм” ба филмбардорӣ машғул шавад.
Тайи як маҳфил дар Душанбе аз Мӯъмин Қаноат, шоири шаҳири тоҷик ба унвони шахсияти вораста ва бошаҳомате ёд шуд, ки барои ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва асолати фарҳангии тоҷикон то охири умраш кӯшид ва дар ин масир чун кӯҳ устувор монд.
Бонкҳои Тоҷикистон, ки муштоқи муштарӣ шудаанд, барои ҷалби ҳар нафар, ки солҳои ахир эътимод ба онҳоро аз даст додаанд, роҳҳои ғайримуқарриро барои ба даст овардани дили онҳо пеша кардаанд.
Як таронаи Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони тоҷик ва мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ки дар он мухолифони тоҷик дар хориҷа танқид шудаанд, дар интернет баҳсеро ба по кард.
Аниса Собирӣ, шоир ва коргардони ҷавони тоҷик, филми нави худро бо номи “Нолаи танбӯр” (Cry of Tanbur) дар як нишасти хабарнигорон ва филмсозон дар Қазоқистон муаррифӣ кард.
Филми як коргардони ҷавони тоҷик бо исми рамзии “Бархӯрд” дар ҷашнвораи “Hollywood just 4 shorts” беҳтарин филми кӯтоҳ дониста шуд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мақомот хостааст, барои пайдо кардани соҳибкороне, ки бо навиштаҷоти "Бги дега" либос ворид мекунанд, кумак намоянд.
Дар Тоҷикистон барои филмсозони ҷавон дар бахши синамои таҷрибавӣ озмуне бо номи "My vision" эълон шудааст.
Ширкати "Тоҷикфилм" тарҳи созишномаи ҳамкорӣ бо Узбекистонро таҳия карда, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон коргардонҳои кишвари ҳамсояро барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷик ба Душанбе даъват кардааст.
Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон рисолаҳои илмии чаҳор унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад кардааст. Дар ин миён рисолае як унвонҷӯро ба сабаби “аз барномаи антиплагиат нагузаштан” напазируфтаанд ва дархосташ барои додани унвони илмиро ҳам рад кардаанд.
Ин шабу рӯз дар Итолиё намоишгоҳи ғайриодии наққошӣ аз сангҳо идома дорад. Муаллифи наққошӣ Муҳаббат Нурхонова – духтари рассоми маъруфи тоҷик Ҷӯрахон Нурхонов – аст, ки Академияи санъати муосир дар Амстердамро хатм карда, ҳунари кошикории қадимиро дар Итолиё омӯхтааст.
Ёфтҳои бештар