Бо гирдоварии исми беш аз 20 бонуи овозхон ва панҷ зани бастакори ду аср -- нимаи дуввуми асри 20 ва аввали 21, Ҳаётой Мӯъминова дар китоби тозанашри худ аз ҷойгоҳи онҳо дар рушди санъату мусиқӣ қисса кардааст.
Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар як вақт нақши чанд қаҳрамонро мебозад, дар шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлон – кору зиндагӣ мекунад.
Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омадааст. Волидон мегӯянд, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Падар мехост, ки Даниел табиб ё муҳандис шавад, вале нақшаҳои писар дигар буд.
Ҳақ ҷониби ҳақдор аст ва барои ҳақиқат бояд талош кард. Ин пайёми як устоди рақси тоҷик аст, ки соле пеш барои гӯш накардани пайёмии президент дар коргоҳ, аз кор ронда шуд.
Соли 2018 шуморе аз чеҳраҳои саршиноси адабӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистонро аз мо рабуд.
Дар Тоҷикистон соли 2018 духтарон умдатан пироҳанҳое ба бар мекардаанд, ки омехтаи усулҳои миллӣ ва аврупоӣ аст. Либосҳои мунаққаши миллӣ умдатан барои ҷашнҳо будаанд.
Академики тоҷик ва яке аз вакилони Маҷлиси миллӣ бо интиқод аз шеваи номгузорӣ ба баъзе аз ноҳияву маҳаллаҳои Тоҷикистон аз мақомот хостааст, дар оянда чунин ба чунин “хатоҳо” роҳ надиҳанд.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев дар мусобиқаи «Чор миллат», ки аз 15-ум то 23-юми январ дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) овозхон Қадами Қурбонро бо ҷурми нақзи қонуни танзими анъана 3 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ, ҷарима кард.
Рӯзи 17-уми декабр шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева 71-сола шуд. Ин шоираи маъруф дар зиндагиаш даҳҳо китоб навишта, яке аз фаъолтарин адибони тоҷик боқӣ мемонад.
Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи шинохта ва дар гузашта мудири Театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки ба хотири шабоҳати чеҳра ва ҳамчунин иҷрои нақши Сталин, гоҳе “Сталини тоҷик” ном бурда мешуд, даргузашт.
Обид Асомов, ҳаҷвнигори шинохтаи узбекро, ки дар Тоҷикистон ҳам маҳбубияти зиёд дошт, рӯзи 15-уми декабр дар оромгоҳи “Камолон” дар шаҳри Тошканд дафн карданд.
Ёфтҳои бештар