18-уми май рӯзи бузургдошти Умари Хайём, яке аз бузургтарин донишмандону шоирони форсу тоҷик буд, ки мисли садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон умрашро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст.
Хуршеди Алидод (Хуршед Алидодов), овозхону оҳангсози шинохта ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май дар 84-солагӣ даргузашт.
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, муаллифи таронаи нахустин дар бораи коронавируси нав ба забони порсӣ аст. Вай ин таронаро охири моҳи март, дар ҳоле ки мисли сокинони дигари Амрико хонанишинӣ мекард, эҷод намуд.
Озарахш (Толиб Каримов), адиби шинохтаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ ҳафт рӯз пеш аз бемористон ҷавоб шуд, мегӯяд, аз табибон ва ҳаводоронаш сипосгузор аст, ки ӯро аз чанги бемории вазнине халос карданд.
Хабари даргузашти забоншинос Баҳриддин Камолиддинов, рӯзи 13-уми май бисёриҳоро ғамгин кард. Як нигоҳи кӯтоҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дод, ки устод даҳҳо шогирди хушном ва садҳо ҳамандешу ҳаводори қадрдон доштаанд. Онҳо хислатҳои инсонӣ ва рисолати рӯшангарии Баҳриддин Камолиддиновро сутудаанд.
Гӯшае аз хона-музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон ва поягузори адабиёти муосири тоҷикро дар Душанбе вайрон мекунанд.
Пайдо шудани коронавирус, бо суръати баланд паҳн шудани он дар саросари олам сабаб гашт, ки як силсила калима ва истилоҳот ҳарчӣ бештар дар забони расонаҳо ва мардум садо диҳанд. Бархе аз онҳо нав, аммо бархи дигар барои пизишкону парасторон ошноянд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонуни кишвар дар бораи синамо иловаеро ворид кард, ки тибқи он бояд синну соли тамошобини ин ё он филм аломатгузорӣ шавад.
Аз ин ба баъд дар номгузории миллии Тоҷикистон гузоштани пасвандҳои "ов"-у "вич" ва "ова"-ю "овна" дар насаби сокинон манъ карда мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз ин муқаррароти нав мустасно ҳастанд.
Гуруҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо назардошти он ки табибону парасторон шабонарӯзӣ дар бемористонҳо ба муолиҷаи дардмандон машғуланд, дар хонаҳои худ ғизо омода карданд ва барои онҳо бурданд.
Васияти падар , ки дар ҷустуҷӯйи илм бош, Асадуллоҳ Каримовро аз деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод (он замон Комсомолобод) то ба шарҳри Преторияи Африқои Ҷанубӣ бурд. Вале ӯ ба ин мулк дасти холӣ наомад, балки корномаи устод Садриддин Айниро армуғон овард.
Ёфтҳои бештар