Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ва модари коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов, даргузашт. Писараш Шаҳбоз Абдураззоқов дар Фейсбук навишт, ки ӯ рӯзи 1-уми март ва дар 87-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Шавҳараш Ҳабибулло Абдурразоқов моҳи январи имсол фавтида буд.