Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик рӯзи 1-уми июл дар синни 80-солагӣ даргузаштааст.
Бо гузашти ду моҳ аз муноқишаи марз дар Тоҷикистону Қирғизистон коргардони тоҷик Дилошуб Орифзода филми мустанаде бо номи "Дарахти дӯстӣ" таҳия кардааст, ки аз рӯзгори сокинони назди марз қисса мекунад.
Дар Тоҷикистон гуруҳе аз ҳунармандон ва мухлисони Аҳмад Зоҳир, ёди ӯро, ки 40 сол пеш ба ҳалокат расид, гиромӣ доштанд. Аҳмад Зоҳир рӯзи 14-уми июни соли 1979 ба таври шубҳабарангез кушта шуд.
Заур Дахте, аккос ва филмбардори машҳур, ки ҳафтод сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст, тасвирҳои офаридаи худу духтараш Фарангис Дахтеро ба намоиш гузошт.
Доварону фарҳангшиносон аз сатҳи пасти ҳунарнамоӣ ва куллан тарзи баргузории ҷашнвораи театрии “Парасту” дар Тоҷикистон сахт танқид карданд.
Максим Шевченко - ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба ҳунарнамоии як духтари зодаи Тоҷикистон дар озмуни бонуфузи мусиқии “Евровидение” аз ҷониби Русия баҳои баланд дод.
Муваффақияти овозхони зодаи Тоҷикистон аз Русия Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни байналмилалии Eurovision шоми 18-уми май бо истиқболи гарми тарафдоронаш дар Тоҷикистону Русия рӯбарӯ шуд.
Лоиқ Шералӣ 80 сол пеш дар Мазори Шариф ба дунё омад, 21 сол қабл дар Душанбе даргузашт ва ҳоло дар оромгоҳи Лучоб орамидааст. Мухолифон дар ашъори ӯ танқиди низомро меҷӯянд, корафтодагон – фарёдрасро, ошиқон – изҳори муҳаббат ва муҳоҷирон – ғами ғурбатро.
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" аз Русия намояндагӣ мекунад, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт.
Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз тақрибан сӣ сол узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст.
Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки дар синни 69-солагӣ ва ҳангоми кор дар утоқи студияи филмсозии “Хатлон синамо” ҷон дод, нисфирӯзии 16-уми май дар гуристони маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе дафн шуд.
Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" Русияро намояндагӣ мекунад, ба куштори хонандагони мактаб дар Қазону Кобул вокуниш кард ва ин ҳамлаҳоро "хушунати ғайри қобили қабул" номид.
Ёфтҳои бештар