Бо наздик шудани мавсими бақайдгирии довталабони имсолаи донишгоҳҳои кишвар бо низоми нави имтиҳони қабул нигарониву суолҳои довталабону волидайн ҳам ҳарчӣ бештар мешавад.
Баста шудани сарҳади Қирғизистон бархе донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳи Бодканд таҳсил мекунанд, дар фикри идомаи таҳсил дар Тоҷикистон андохтаааст.
Пас аз як моҳи дигар кӯдакону наврасони тоҷик филми тасвириеро, хоҳанд дид, ки ба шеваи комилан нави аниматсионӣ наворбардорӣ шудаааст.
Даҳҳо донишҷӯи қирғизтабори Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, наметавонанд ба маҳалли таҳсили худ дар Бишкеку Ӯш баргарданд.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз 2500 донишҷӯёне, ки аз таълимгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, ҳамагӣ 108 нафарро дар факултаҳои худ ба таҳсил фаро гирифтааст.
Як ҷавони 18-сола дар шаҳри Кӯлоб барои ҳамагӣ чанд сомонӣ ва ҳуҷҷати ронандагии бародараш қасди худкушӣ карда, ба синаи худ корд задааст.
Зиёдулло ва Идибек Маллаевҳо аз се сол ба ин тараф аз мактабу ҳамсабақонаш дур ҳастанд.
Исми Shon Mc (Шаҳбоз ороишдиҳандаи нутқ) ё Шаҳбоз Шарипов дар миёни дӯстдорони мусиқии рэпи тоҷик, маъруфияти ҳарчӣ бештар касб мекунад.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб бар инанд, ки зодаи ин шаҳр Мастона Насруллоева дар Покистон аст ва шояд бо тундравони исломӣ робита дорад, вале модари ин бонуи 31-сола мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд духтараш дар Туркия шавҳар кардааст.
Рӯзи 22-уми январ ба ибтикори сафорати Амрико дар Душанбе дар толори Кохи ҷавонони пойтахт филми мустанади "Girl rising" ё "Рушди духтарон" намоиш дода шуд.
Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия дар Ботканд дар пайи таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон донишҷӯёни тоҷикро ба таътил фиристодааст.
Комунистҳои Тоҷикистон рӯзи 21 январ дар солгарди 90-уми даргузашти асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин дар пои муҷассамаҳои ҳанӯз побарҷои «доҳии пролетариати ҷаҳон» дар навоҳии мухталиф гирди ҳам омадаанд.
Ёфтҳои бештар